Октябр 20, 2018 13:35 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии донишомӯзони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии риёзӣ

Донишомӯзони нухбаи эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонии риёзии “WMC” –и Англия муваффақ ба касби унвони қаҳрамонӣ шуданд.

Мустафо Нурӣ, мудири Хонаи риёзии Теҳрон рӯзи ҷумъа дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, 51 донишомӯзи нухбаи эронӣ аз пояҳои ҳафтум то ёздаҳум ва байни синни 12 то 16 сол муваффақ шуданд 30 медали тило, 38 медали нуқра ва 39 медали бронзро аз мусобиқоти ҷаҳонии риёзии “WMC” –и Англия касб кунанд.

Ба гуфтаи мудири Хонаи риёзии Теҳрон, мусобиқоти ҷаҳонии риёзӣ ҳамзамон дар шаш кишвар баргузор шуд ва донишомӯзони эронӣ аз тамоми раддаҳои синнӣ дар Англия ва дар канори донишомӯзоне аз кишварҳои Амрико, Булғория, Ҳинд ва Австралия ширкат карда буданд.

Нурӣ афзуд, 13 донишомӯзи эронӣ барои ширкат дар урдуи тобистонии марҳалаи дувуми ниҳоии мусобиқоти ҷаҳонии риёзӣ интихоб шуданд, ки соли оянда дар донишгоҳи “Мелбурн” – и Австралия баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқоти ҷаҳонии риёзӣ аз рӯзи чаҳоршанбеи гузашта (17 октябр) дар 9 даври мухталиф дар Англия баргузор шуд.

Ин бистусевумин давр аз мусобиқоте аст, ки маҷмӯаи хонаи риёзии Теҳрон дар он ширкат мекунад ва тайи 10 соли гузашта беш 700 медал касб кардааст.

 

 

Барчасп