Октябр 21, 2018 13:35 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе чаҳор вазири пешниҳодии «умури иқтисодӣ ва дороӣ», «санъат, маъдан ва тиҷорат», «роҳ ва шаҳрсозӣ» ва «таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ»-ро ба Маҷлиси шӯрои исломии Эрон муаррифӣ кард.

Ҳасани Руҳонӣ дар номае ба Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, Муҳаммади Исломиро ба унвони вазири пешниҳодии «роҳ ва шаҳрсозӣ», Фарҳоди Дижписандро ба унвони вазири пешниҳодии «умури иқтисодӣ ва дороӣ», Муҳаммади Шариатмадориро ба унвони вазири пешниҳодии «таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ» ва Ризо Раҳмониро ба унвони вазири пешниҳодии «санъат, маъдан ва тиҷорат» ба Маҷлиси шӯрои исломии Эрон муаррифӣ кард.

Аббоси Охундӣ ва Муҳаммади Шариатмадорӣ рӯзи шанбе аз вазоратхонаҳои «роҳ ва шаҳрсозӣ» ва «санъат, маъдан ва тиҷорат»-и Эрон истеъфо карданд.

Намояндагони Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар августи 2018 бо идомаи фаъолият Алии Рабеӣ дар вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ ва Масъуди Карбосиён вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон мухолифат карданд.

 

Барчасп