Раҳбари инқилоб: Масъулон набояд пинҳонкорӣ кунанд
Раҳбари Инқилоби Исломӣ, амалкарди шаффоф ва ба дур аз пинҳонкориро барои масъулон дар низоми исломӣ, зарурӣ донистанд.
Ба гузориши дафтари ҳифз ва нашри осори ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, дар оғози ҷаласаи рӯзи душанбеи гузаштаи тадриси фиқҳи худ, ки имрӯзи 22 октябр мӯҳтавои он расонаӣ шуд, гӯшаҳое аз номаи ҳазрати Алӣ (раз.) хитоб ба масъулон ва фармондеҳони низомиро барои ҳозирон дар ҷаласа шарҳ доданд ва ин номаро ҳамчун дастуруламале барои ҳамаи мудирони низоми исломӣ донистанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба ин нома, бархе аз вазоифи масъулон ва фармондеҳони низомиро тавзеҳ доданд ва гуфтанд, дар мантиқи ҳукумати алавӣ, агар касе ба хотири масъулияташ дорои имтиёз ва эҳтироме шуд, ин мавзӯъ набояд ахлоқ ва рафтори ӯро бо мардум тағйир бидиҳад ва ӯро аз мардум дур кунад.
Эшон афзуданд, масъулони низоми исломӣ бидонанд шакари неъмати масъулияташон дар ин аст, ки ба бандагони Худо бештар наздик шаванд, бо онон нишасту бархост кунанд ва ба онҳо меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи бештаре ба харҷ диҳанд.
Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ сипас ба фарози дигаре аз ин нома дар бораи амалкарди шаффофи масъулон пардохтанд ва таъкид карданд, масъулон ҷуз дар мавориди низомӣ, амниятӣ ва умуре, ки бо душман муқобила дорем, бояд шаффоф бошанд ва ҳеҷ чизеро аз мардум пинҳон накунанд.