Рӯҳонӣ: Қатли Хошуқчӣ, озмоиши муддаиёни ҳуқуқи башар аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i38970-Рӯҳонӣ_Қатли_Хошуқчӣ_озмоиши_муддаиёни_ҳуқуқи_башар_аст
Раисҷумҳури исломии Эрон бо маҳкум кардани қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ, мавзеъгирии кишварҳои ҷаҳон алайҳи онро озмоиш ва имтиҳони бузурге барои муддаиёни ҳуқуқи башар бавижа дар Амрико ва Аврупо унвон кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 24, 2018 17:01 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури исломии Эрон бо маҳкум кардани қатли Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ, мавзеъгирии кишварҳои ҷаҳон алайҳи онро озмоиш ва имтиҳони бузурге барои муддаиёни ҳуқуқи башар бавижа дар Амрико ва Аврупо унвон кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон дар ҷаласаи ҳайъати давлати ин кишвар қатли Ҷамол Хошуқчиро воқеае такондиҳанда тавсиф кард ва гуфт: Ҳеҷ кишваре бидуни ҳимояти Амрико ҷуръати иртикоб чунин ҷинояте надорад.  

Рӯҳонӣ афзуд: Иртикоби чунин ҷинояте нишон медиҳад, ки як тафаккури ғалат чи тавр метавонад инҳироф эҷод кунад ва ин ҳамон тафаккурест, ки гурӯҳҳои террористӣ монанди ДИИШ-ро дар минтақа бавуҷуд овардааст.

Раисҷумҳури исломии Эрон, бо тавсия ба давлати Туркия барои анҷоми таҳқиқоти бетарафона ва дақиқ дар хусуси қатли Хошуқчӣ ибрози умедворӣ кард: Кишварҳо ва миллатҳои ҷаҳон, воқеиятҳои мавҷудро ҳар чи беҳтар ламс кунанд ва ин фурсате аст, ки мазлумияти мардуми Яман, Ироқ, Сурия ва Афғонистон, ки бо пули он ҷинояткорон таҳти фишор ҳастанд, равшантар шавад.  

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба ҳамлаи Арабистон ба Яман бо ҳимояти Амрико тасреҳ кард: Миллати Яман чандин сол аст, бомбборон мешаванд, аммо ҷаҳон дар баробари он сукут кардааст.