Октябр 24, 2018 19:48 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши AFC ба сууди Перспулиси Эрон ба финали Осиё

Саҳифаи расмии мусобиқоти Лигаи қаҳрамонони Осиё сууди тими футболи Перспулиси Эронро ба финали Лигаи қаҳрамонони Осиё табрик гуфт.

Сайти расмии Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) зимни интишори гузорише аз мусобиқаи Перспулиси Эрон ва Алсади Қатар навишт: Перспулиси Эрон дар варзишгоҳи пур аз тамошогари озодӣ, нахустин бор дар таърихи худ ба Лигаи қаҳрамонони Осиё сууд кард ва таърихсоз шуд.

AFC ҳамчунин ба тими Перспулиси Эрон ба сабаби расидан ба финали Лигаи қаҳрамонон Осиё табрик гуфт.

Перспулис дар бозӣ бо Алсади Қатар дар Теҳрон ба тасовии як-як расид, аммо бо таваҷҷуҳ ба пирӯзии як бар сифр баробари тими қатарӣ дар Давҳа, ба финали ҷоми қаҳрамонии бошгоҳҳои Осиё сууд кард.

 

Барчасп