Таъкиди раҳбари инқилоб бар истифодаи ҷиддӣ аз падофанди ғайриомил дар муқобили душманон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39063-Таъкиди_раҳбари_инқилоб_бар_истифодаи_ҷиддӣ_аз_падофанди_ғайриомил_дар_муқобили_душманон
Раис ва масъулони созмони падофанди ғайриомили Эрон, пеш аз зӯҳри имрӯз бо ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво дидор карданд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 28, 2018 17:23 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раҳбари инқилоб бар истифодаи ҷиддӣ аз падофанди ғайриомил дар муқобили душманон

Раис ва масъулони созмони падофанди ғайриомили Эрон, пеш аз зӯҳри имрӯз бо ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво дидор карданд.

Падофанди ғайриомил навъе дифои ғайринизомӣ ва ба маънои коҳиши осебпазирӣ дар ҳангоми буҳрон, бидуни истифода аз иқдомоти низомӣ ва сирфан бо баҳрагирӣ аз фаъолиятҳои фаннӣ ва мудириятӣ аст.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори раис ва масъулони созмони падофанди ғайриомили Эрон бо ишора ба аҳаммияти рӯзафзуни падофанди ғайриомил дар муқобила бо таҳдидҳои навшавндаи душманон таъкид карданд: Дар муқобили шеваҳои печидаи таҳоҷуми душманон, падофанди ғайриомил низ бояд комилан ҳушёр ва ҷиддӣ бошад ва ба сурати илмӣ, дақиқ, ба рӯз ва ҳамаҷониба амал ва бо ҳаргуна нуфуз муқобила кунад.  

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таваҷҷуҳи масъулон дар ҳама бахшҳо ба аҳаммияти падофанди ғайриомилро лозим донистанд ва афзуданд: Агар мудирони Эрон аҳаммияти ин масъаларо дарк накунанд ва падофанди ғайриомил ба таври шоиста тавсеа пайдо накунад, Эрон дар маърази таҳдидҳои гоҳ ғайри қобили ҷуброн қарор хоҳад гирифт.

Эшон таъкид карданд: Масъулони бахшҳои мухталифи Эрон чи бахшҳои низомӣ ва чи бахшҳои ғайринизомӣ, бояд бо падофанди ғайриомил ҳамкории комил ва лозимро анҷом диҳанд.