Октябр 30, 2018 17:34 Asia/Dushanbe
  • Маросими азодории “Арбаин”-и ҳусайнӣ бо ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ

Дар “Арбаин”-и ҳусайнӣ ҳусайнияи Имом Хумайнӣ мизбони ҳайатҳои донишҷӯӣ аз саросари кишвар буд ва донишҷӯёни дилдодаи ҳазрати Абиабдуллоҳ Алҳусейн ва асҳоби бовафои эшон дар ҳузури Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ба азодорӣ пардохтанд.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ пас аз азодории донишҷӯён дар суханони кӯтоҳе дилҳои пок, эҳсосоти содиқона ва имони зулоли ҷавонони муъминро заминасози ҷалби тафаззулоти илоҳӣ хонданд ва барои дастёбии миллати Эрон ба ҳама аҳдофи бузург ва ормонҳои баланди Ислому Инқилоби Исломӣ дуо карданд. Ҳамчунин дар ин маросим ҳуҷҷатулислом Саъдӣ дар суханоне “Арбаин”-ро рӯзи бозхони суннати илоҳӣ мабнӣ бар таҳаққуқи пирӯзии ҷараёни ҳаққ ва шикасти душман дониста гуфт, пояҳои тамаддуни ҳусайнӣ бар асоси иртибот бо Худо ва таслим дар баробари Ҳақ, зиёрати “Арбаин” ва истодагӣ дар баробари истикбор шакл гирифтааст. Оқои Саъдӣ тамаддунсозӣ бо меҳвари “Арбаин”-ро вазифаи донишгоҳ ва нухбагони ҳавзаӣ ва донишгоҳӣ хонда афзуд, расидан ба тамаддуни навини исломӣ мубтанӣ бар “Арбаин” ва фарҳанги ҳусайнӣ бояд масъалаи имрӯзи донишгоҳ бошад.

Дар ин маросим оқои Майсам Мутеӣ низ ба зикри мусибат ва навҳахонӣ пардохт. Дар поёни маросим донишҷӯён намози зуҳр ва асрро бо имомати Раҳбари Инқилоби Исломӣ иқома карданд.

 

Барчасп