Эрон ҳамла ба азодорони ҳусейнӣ дар Нигерияро маҳкум кард
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо маҳкум кардани ҳамла ба азодорони ҳусейнӣ дар Нигерия ба хонаводаҳои ҷонибохтагони ин ҳамла ибрози ҳамдардӣ кард.
Иброҳим Мӯсо, сухангӯи Ҷунбиши исломии Нигерия асри сешанбе эълом кард, дар ҳамлаи неруҳои низомии ин кишвар ба ширкаткунандагон дар маросими азодории “Арбаин”-и Имом Ҳусейн дар Абуҷа 27 нафар шаҳид шуд.
Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон шомгоҳи сешанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Форс” зимни даъват аз нерӯҳои амниятии Нигерия ба хештандорӣ, бар риояти ҳурмати маросими мазҳабии мусолиматомези шиаён таъкид кард. Қосимӣ ибрози умедворӣ кард, тарафайн битавонанд аз роҳҳои мусолиматомез, қонунӣ ва мубтанӣ бар риояти ҳуқуқи шаҳрвандӣ шароитро ба нафъи ҳифзи оромиш ва субот ва ҷилавгирӣ аз даргирӣ ва таниши бештар мудирият кунанд.
Низомиёни Нигерия шанбеи гузашта низ ба сӯйи ширкаткунандагон дар роҳпаймоии “Арбаин”-и ҳусайнӣ дар наздикии Абуҷа тирандозӣ карданд, ки бар асари он дастикам 10 азодори ҳусайнӣ ба шаҳодат расид.