Сентябр 11, 2016 09:30 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти маҳсулоти нафтукимиёии Эрон

Дар шаш моҳи гузашта Эрон беш аз 8 миллиону 700 ҳазор тонна анвои маҳсулоти нафтукимиёӣ ба арзиши беш аз 3 миллиарду 600 миллион доллар ба бозорҳои байналамилалӣ содир кардааст.

Раванди содироти маҳсулоти нафтукимиёии Эрон пас аз иҷрои Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва рафъи тадриҷии монеаҳои бонкӣ ва соири маҳдудиятҳо дар ҳоли афзоиш аст. Дар ҳамин пайванд Ширкати миллии саноати нафтукимиёии Эрон рӯзи шанбе гузориш дод, маҷмӯи тавлиди воқеии саноати нафтукимиёӣ дар шаш моҳи гузашта ба беш аз 21 миллион тонна расидааст, ки 8 миллиону 700 ҳазор тоннаи он ба бозорҳои хориҷӣ содир шудааст. Бар асоси ин гузориш, бо роҳандозии воҳидҳои нимакораи нафтукимиёии Эрон зарфияти тавлиди ин маҳсулот соли оянда ба 120 миллион тонна афзоиш меёбад.

Дар ҳамин ҳол, Муҷтабо Хусравтоҷ, раиси Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон рӯзи шанбе дар ҳамоиши сафирони Эрон дар Русия, Туркия, Арманистон, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, Эрон соли гузашта дар бахши содироти колоҳои ғайрнафтӣ ду миллиард доллар ба ин кишварҳо содирот доштааст. Ӯ афзуд, дар чаҳор моҳи гузашта содироти Эрон ба ин кишварҳо ба 900 миллион доллар расид, ки дар сурати идомаи ин раванд дастёбӣ ба 3 миллиард доллар содирот то поён сол имконпазир аст.

 

Барчасп