Раҳбари католикҳои ҷаҳон: Эрон кишваре бо фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни бузург аст
(last modified Thu, 01 Nov 2018 13:49:59 GMT )
Ноябр 01, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари католикҳои ҷаҳон: Эрон кишваре бо фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни бузург аст

Раҳбари католикҳои ҷаҳон, вижагии бузурги миллати Эронро бархурдорӣ аз фарҳанги ғании инсонӣ донист, ки бо истифода аз он метавон барои наҷоти инсони асри ҳозир талош кард.

Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон дар дидори ҳуҷҷат-ул ислом Саид Тоҳо Ҳошимӣ, сафири ҷадиди Эрон дар Ватикан бо истиқбол аз гуфтугӯҳои мудовими худ бо мақомоти Ҷумҳурии Исломии Эрон, онро улгуе барои гуфтугӯҳо байни адён тавсиф кард.

Сафири ҷадиди Эрон дар Ватикан низ бо тақдими рӯнавишти Устуворномаи худ ба раҳбари католикҳои ҷаҳон, маншаи бисёре аз мушкилоти кунунии ҷомеаи башариро, сиёсатҳои мухарриб ва зиёнбори бархе кишварҳо аз ҷумла Амрико донист.

Ҳошимӣ, сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико дар арсаи байналмилал аз ҷумла хурӯҷ аз муоҳидоти байналмилалӣ монанди Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд, Муоҳидаи иқлими Париж ва бавижа БАРҶОМ-ро мӯҷиби ноамнии ҷаҳон ва минтақаи Ховари Миёна ва мувоҷиҳаи мардуми дунё бо ҷанги сарди навин донист.

Сафири Эрон дар Ватикан бар иқдоми раҳбарони адён, мазоҳиб ва ҳамчунин афкори умумии ҷаҳон бар маҳкумияти созу корҳои сиёсии якҷониба таъкид кард.

Сафири Эрон дар Ватикан ҳамчунин дар дидор бо Pietro Parolin, нахуствазири Ватикан бо ишора ба сиёсатҳои хатарноки Амрико пас аз рӯйи кор омадани Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар, гуфт, сиёсатҳои мухарриби давлати кунунии Амрико, мӯҷиби густариши ноамнӣ ва ташдиди бесаботӣ бавижа дар минтақаи Ховари Миёна ва қурбонӣ шудани афроди бегуноҳ ва таҳдиди ақаллиятҳо ва оғози мавҷи ҷадиди муҳоҷиратҳо шудааст.

Нахуствазири Ватикан низ бо ибрози нигаронӣ аз рӯйкардҳои якҷонибагароёнаи бархе аз давлатҳо, аз ҷумла Амрико таъкид кард, мардуми кишварҳои ҷаҳон набояд ба хотири сиёсатҳои бархе аз кишварҳо таҳти фишор қарор гиранд.