Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Даврони зӯргӯии Амрико ба поён расидааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39166-Хатиби_ҷумъаи_Теҳрон_Даврони_зӯргӯии_Амрико_ба_поён_расидааст
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба иқдомҳои зиддиэронии Амрико таъкид кард: Мақомҳои Амрико, аз ҷумла раиси ҷумҳурии ин кишвар бидонанд, ки даврони зӯргӯӣ ба поён расидааст ва Амрико рӯз ба рӯз манфуртар ва мунзавитар мешавад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 02, 2018 18:11 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Даврони зӯргӯии Амрико ба поён расидааст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба иқдомҳои зиддиэронии Амрико таъкид кард: Мақомҳои Амрико, аз ҷумла раиси ҷумҳурии ин кишвар бидонанд, ки даврони зӯргӯӣ ба поён расидааст ва Амрико рӯз ба рӯз манфуртар ва мунзавитар мешавад.

Оятуллоҳ Муҳаммадалии Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон, бо баёни инки имрӯз ба ҷуз чанд режими минтақаӣ, кишваре аз сиёсатҳои Амрико ҳимоят намекунад, афзуд: Аврупоиҳо, ки аз муттаҳидони аслии Амрико ҳастанд, акнун натанҳо аз сиёсатҳои Амрико пайравӣ намекунанд, балки бо эҷоди созукоре бо иқдомҳои Вашингтон муқобила мекунанд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо таъкид бар ин ки сарнавишти сарони Амрико, режими саҳюнистӣ ва режими Оли Сауд нобудӣ аст, тасреҳ кард: Ошкор шудани ҷинояти саудиҳо дар қатли Ҷамол Хошқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ, чеҳраи воқеии ин режемро барои ҳама ошкор кард.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ ҳамчунин бо ишора ба идомаи ҳамлаҳои Арабистон ба Яман гуфт: Куштан ва муҳосира кардани миллионҳо яманӣ тавассути Арабистон бо ҳимояти Амрико анҷом мешавад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо баёни инки ҳузури миллионҳо зоир аз манотиқи мухталифи ҷаҳон дар маросими роҳпаймоии арбаъини ҳусайнӣ (а) дар Ироқ, ҳовии паёми муҳимме аст, таъкид кард: Муқобила бо золим ва кофир муҳиммтарин паёми ширкаткунандагон дар маросими арбаъини ҳусайнӣ (а) барои ҷаҳониён буд.