Ноябр 03, 2018 15:45 Asia/Dushanbe
  • Зариф муқобилаи кишварҳои Ди.8 бо иқдомоти якҷонибаи Амрико зидди Эронро хостор шуд

Вазири умури хориҷаи Эрон муқобилаи кишварҳои узви гурӯҳи Ди.8 бо иқдомоти ғайримасъулона ва ғайриқонунӣ, аз ҷумла таҳримҳои муҷримонаи Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эронро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар ҳаждаҳумин нишасти вазирони умури хориҷаи гурӯҳи Ди.8 дар Анталияи Туркия гуфт, дар шароити кунунӣ беш аз ҳар замоне зарурат дорад то чандҷонибагароии иқтисодӣ ва бозаргонӣ дар чорчӯбҳое назири гурӯҳи Ди.8, иртиқо ёбад.

Зариф бо ишора ба пешбинии рушди иқтисодии пойин ва рукуд барои иқтисоди ҷаҳонӣ аз сӯйи Сандуқи Байналмилалии Пул афзуд, тардиде нест, ки якҷонтбагароӣ ва мавонеи тиҷорӣ ва таҳримҳои рӯзафзун иллати аслии шаклгирии чунин чашмандози манфӣ аст.

Вазири умури хориҷаи Эрон изҳор дошт, иқдомоти тиҷории якҷониба, таҳаррукоти талофиҷӯёна ва таҳримҳои иқтисодӣ метавонад иқтисоди ҷаҳониро дучори ихтилол карда ва ҳамкориҳои густурдаи чандҷонибаро дар замоне, ки ба шиддат ниёз ба он эҳсос мешавад, таҳти шуо қарор диҳад.

Зариф бо баёни ин ки гурӯҳи Ди.8 ба андозаи бистаре барои ироаи фурсатҳои бисёр барои ҳамкорӣ ва иҷрои ормонҳои муштарак ба шумор меравад,бар иттихози роҳбурдҳои матлуб барои ҳамкорӣ байни аъзои ҳашт кишвари ин созмон таъкид кард.

Ҳаждаҳумин иҷлоси вазирони умури хориҷаи кишварҳои Ди.8, бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуд.

Гурӯҳи Ди.8 муташаккил аз ҳашт кишвари мусалмони дар ҳоли тавсеа аст, ки барои эҷоди равобити мустаҳками иқтисодӣ байни кишварҳои дар ҳоли тавсеаи исломӣ ва тақвияти нуфузи ин кишварҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ ташкил шудааст. Эрон, Индонезия, Бангладеш, Покистон, Туркия, Малайзия, Миср ва Нигерия аъзои Ди.8 ҳастанд.

 

Барчасп