Ноябр 09, 2018 17:19 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Таҳримҳои Амрико қудрати Эронро афзоиш додааст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт: Қудрати Амрико дар ҷаҳон дар ҳоли уфул ва нафрати миллатҳои ҷаҳон аз ин кишвар дар ҳоли густариш аст.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, бо ишора ба мавзӯъи таҳдидҳо ва таҳримҳои 40-солаи Амрико зиди миллати Эрон тасреҳ кард: Ин таҳримҳои золимона сабаби истиқлол ва худкифоии миллати Эрон дар заминаҳои иқтисодӣ, илмӣ, низомӣ ва сиёсӣ шуда ва дар айни ҳол нуфузи минтақаии Эронро афзоиш додааст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин ба маросими роҳпаймоии 13 обон ва солрӯзи тасхири лонаи ҷосусии Амрико дар Теҳрон ишора кард ва афзуд: Инқилоби исломии Эрон барои аввалин бор дар ҷаҳон убуҳати Амрикоро зери савол бурд ва таҳқир кард ва ҳайманаи ин кишварро ба унвони абарқудрати ҷаҳонӣ шикаст.

Козими Сиддиқӣ бо баёни инки Амрико ҳамвора дар чиҳил соли гузашта дар рӯёрӯӣ бо миллати Эрон шикаст хӯрдааст, таъкид кард: Таблиғоти амрикоиҳо зидди Эрон дигар таъсире надорад ва ҳамакнун нафрати ҷаҳонӣ аз Амрико дар ҳол густариш аст.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо маҳкум кардани ҳукми додгоҳи режими Оли Халифа зидди Шайх Алӣ Салмон дабири кулли Ҷамъияти исломии Алвифоқи Баҳрайн, ин мавзӯъро барги сиёҳе дар амалкарди режими Оли Халифа донист.

Вай аз сукути маҷомеи ҷаҳонӣ дар баробари саркӯби мардуми Яман низ интиқод кард.