Сентябр 11, 2016 17:17 Asia/Dushanbe
  • Куштори аъроб ва тазъифи Ҳаҷ; Бароянди ҳимояти якҷониба аз Арабистон

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Иттиҳоди Араб тавсия кард, ба ҳимоятҳои ғайрисознда аз Арабистони Саудӣ поён диҳад.

Баҳроми Қосимӣ, асри ҷумъа дар вокуниш ба баёнияи зидди эронии Шӯрои вазирони Иттиҳоди Араб гуфт, агар ин шӯро дар тамоюлаш барои кумак ба ҳамзистии мусоламатомез байни кишварҳои минтақа содиқ аст  ва иродаи ҷиддӣ барои ҳамгароӣ ва тақвияти ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақа дорад, бояд қотеъона аз Арабистон бихоҳад куштор ва саркӯби мардум дар Сурия, Ироқ, Яман ва Баҳрайн ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористии сохта ва пардохтаи худ дар минтақаро мутаваққиф кунад.

Шӯрои вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди араб, рӯзи панҷшанбе дар баёнияи поёнии нишасти худ дар Миср, дар вокуниш ба паёми ҳаҷи Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ва интиқоди эшон аз масъулони Саудӣ дар мудирияти Ҳарамайни Шарифайн муддаӣ шуд, ин гуна мавозеъ бо ҳақиқати он чи Арабистон барои Ислом, мусулмонон ва маросими ҳаҷ анҷом медиҳад, воқеият надорад.

Ин шӯрои арабӣ дар ҳоле аз мудирияти кунунии ҳаҷ ҳимоят мекунад, ки дар натиҷаи нокоромадии ин мудирият, ҳазорон зоир аз кишварҳои мухталифи исломӣ, рӯзи Иди қурбони порсол зери дасту по ва дар гармои сӯзон ҷон бохтанд.

Агар чӣ масъулони Саудӣ муддаӣ ҳастанд, дар вуқӯъи фоҷиаи Мино нақш надоштанд, аммо амалкарди онон ва дастгоҳҳои зинафъи Саудӣ пас аз фоҷиаи Мино қобили тайид ва дифоъ нест ва ҳатто ба навъе ҷурм маҳсуб мешавад.

Интиқодҳои воқеъгароёна аз амалкарди режими Саудӣ дар мудирияти ҳаҷ, камтарин ҳаққи табии хонаводаи қурбониёни фоҷиаи Мино ва масъулони кишварҳои исломӣ аст, то ҳақиқати ин моҷаро кашф шавад ва давлати Саудӣ посухгӯ бошад.

 Исрори масъулони  олирутбаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бар равшан шудани абъоди фоҷиаи Мино, ба ин далел аст, ки бо гузашти як сол аз ин фоҷиа, ҳуккоми Саудӣ аз узрхоҳи худдорӣ карданд ва ҳатто аз кушта шудани ҳазорон зоир ҳангоми анҷоми фариза ва фармони Илоҳӣ, ибрози таассуф ҳам накарданд.

Ҳуккоми Саудӣ дар фоҷиаи Мино ба сабаби бетадбирӣ ва суимудирият бояд дар ҷойгоҳи муттаҳам, посухгӯи мусулмонони доғдор бошанд, аммо онон дар мақоми муддаӣ қарор гирифтанд ва дигаронро муқасир ҷилва доданд. Бо таваҷҷуҳ ба арзиш надоштани ҷони инсонҳо барои ҳуккоми Саудӣ ва нақши мухарриб ин ҳукком дар ҳамроҳӣ бо ҷиноятҳои террористӣ дар минтақа ва душманони ҷаҳони Ислом, паёми имсоли Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ ба ҳоҷиён, сухани дили умати исломӣ буд.

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ бо огоҳӣ аз мудирияти номуносиби ҳуккоми Саудӣ, дар умури ҳаҷ аз миллат ва давлатҳои исломӣ хостанд, фикре барои мудирияти ҳаҷ бикунанд. Ба таъбири Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ агар ҷаҳони ислом чорае асосӣ барои мудирияти Ҳарамайни Шарифайн ва масъалаи ҳаҷ наандешад, уммати исломӣ дар оянда бо мушкилоти бузургтаре мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Дар чунин шароите, бетафовутӣ дар баробари иқдомоти Оли Сауд ба салоҳи умати исломӣ нест ва душманони ваҳдати ҷаҳони Ислом бо ҳамкории Арабистон ва ҳимоят аз сиёсатҳои ин кишвар, дар ҳоли тазъифи қудрат ва тавони умати исломӣ ҳастанд.

Истимрори раванди мавҷуд ва ҳимоятҳои дониста ва нодониста аз Арабистони Саудӣ, кишварҳои ҳомии ин кишварро ҳам гирифтори сиёсатҳои бе‎суботсози Риёз хоҳад кард. Куштори рӯзонаи аъроб дар кишварҳои мухталифи минтақа, натиҷаи сиёсати кунунии Арабистон ва ҳимояти ғайрсозанда аз ин кишвар аст.