Таъкиди Туркия бар идомаи хариди газ аз Эрон
(last modified Sat, 10 Nov 2018 12:36:15 GMT )
Ноябр 10, 2018 17:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Туркия бар идомаи хариди газ аз Эрон

Вазири энержии Туркия бар идомаи хариди газ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Фотеҳ Донмез гуфт, Анкара бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар заминаи сӯхт қарордоди дарозмуддат дорад ва Анкара ба манобеи энержии Эрон ниёз дорад. Вазири энержии Туркия ҳамчунин тасреҳ кард, эъмоли таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон ва сиёсатҳои зӯргӯёнаи Амрико барои ба инзиво кашондани Эрон амри бенатиҷа ва беҳуда аст.

Амрико аз кишварҳои тарафи муомила бо Эрон хостааст, то моҳи ноябр хариди нафт аз Теҳронро мутаваққиф кунанд ва ҳеҷ истисное дар ин замина вуҷуд надорад. Вашингтон ба манзури таҳти фишор қарор додани Теҳрон  талош мекунад, фурӯши нафти хоми Эронро ба сифр бирасонад. Дар воқеъ, талоши Амрико барои мамониат аз хариди нафти Эрон дар ростои сиёсати куллии Вашингтон барои тазъифи истиқлоли кишварҳо сурат мегирад. Ба ибораи дигар ҳар кишваре, ки ба хостаҳои Амрико тан диҳад, дар амал истиқлоли худро бо ин кишвари султагар муомила кардааст, дар ҳоле ки дар муқобили иҷрои ин хостаи Амрико ин даста аз кишварҳо дар амал чизе ба даст нахоҳанд овард. Шояд ба ҳамин далел бошад, ки пеш аз ин вазири энержии Туркия гуфта буд, Анкара дар бораи таҳримҳои Эрон фақат аз тасмимҳои Созмони Милал пайравӣ мекунад.

Коршиносон бар ин боваранд, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико бо эъмоли таҳримҳои ғайриқонунӣ ва фишор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дунболи эҷоди ҷанги равонӣ ва илқои инзивои Эрон аст. Дар ин иртибот Аллен Миллиган, коршиноси масоили нафтӣ мегӯяд, ба рағми он ки таҳримҳо ба фурӯши нафти Эрон латма ворид хоҳад кард, аммо фурӯши нафт ба мизони камтар аз як миллион бушка низ то ҳадде метавонад аз оқибатҳои манфии таҳримҳо бикоҳад. Вай ироаи тахфиф, додугирифти молу коло ва ҳатто ғайрифаъол кардани системаҳои радгирии нафткашҳоро аз ҷумлаи роҳҳое донист, ки Эрон мумкин аст, аз онҳо барои ҳифзи ҳудуди 800 ҳазор бушка аз содироти нафти худ баъд аз иҷрои таҳримҳои Амрико дар моҳи ноябри истифода кунад.

Дар ин миён бояд гуфт, Эрон яке аз даҳ шарики аслии тиҷории Туркия маҳсуб мешавад ва ду кишвар ба сурати таърихӣ равобити тиҷории бисёр мустаҳкаме бо якдигар доранд. Оморҳо нишон медиҳад, ки тайи се соли гузашта ҳаҷми равобити тиҷории миёни ду кишвар беш аз 9 миллиард доллар дар сол будааст. Эрон ба таври миёнгин рӯзона ҳудуди 30 миллион метри мукааб газ ба Туркия содир мекунад. Қарордоди Эрон бо Туркия солона аст, ки бар асоси он, ҳаҷми мушаххасеро бояд дар тӯли як сол ба Туркия таҳвил диҳад. Ҳаҷми содироти гази Эрон ба Туркия дар тӯли соли 2016 ҳашт миллиард метри муккааб ва дар нимаи нахусти соли ҷории милодӣ, дар маҷмӯъ, панҷ миллиарду 400 миллион метри муккааб будааст.

Дар маҷмӯъ, бояд гуфт, бо таваҷҷуҳ ба эътирофи коршиносон, ҳатто коршиносони ғарбӣ, Амрико монанди чаҳор даҳаи гузашта дар заминаи сиёсати таҳримҳои Эрон шикасти дигареро таҷриба хоҳад кард. Дар ҳоле ки Амрико даври ботили бозии таҳримҳои Эронро идома хоҳад дод, ба назар мерасад, дар ҳар давра кишварҳои бештаре ба манзури ҳифзи истиқлоли худ аз пайравӣ аз сиёсатҳои Амрико дур хоҳанд шуд.