Ноябр 11, 2018 12:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари инқилоби Эрон бар густариши рӯҳияи ҷиҳод ва шаҳодат

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гуфтанд: Агар рӯҳияи ҷиҳод ва шаҳодат густариш ёбад, гароиш ба Шарқ ва Ғарб рахт бархоҳад баст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори дастандаркорони кунграи шуҳадои устони Қазвин (ғарби Теҳрон), шаҳидонро мояи равнақи ҳаёти маънавӣ дар кишвар ва ҳифзи ҳаракат ба самти аҳдофу ормонҳо донистанд ва афзуданд: Шаҳид дар даврони зиндагӣ бо тану ҷони худ дар хидмати Ислом аст ва пас аз шаҳодат бо эҷоди фазои маънавӣ ба ҷомеаи исломӣ хидмат мекунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ садои шаҳидонро таъсиргирифта аз Худованди Мутаол хонданд ва тасреҳ карданд: Бузургдошти шаҳидон ин садои бедоргар ва ҳушёркунандаро ба гӯши ҳама мерасонад ва дилҳоро мунқалиб мекунад ва бар ҳамин асос агар рӯҳияи ҷиҳод ва шаҳодат густариш ёбад, гароиш ба Шарқу Ғарб ва куфру илҳод рахт бархоҳад баст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ гуфтанд: Агарчи сӣ сол аз поёни даврони дифои муқаддас мегузард, аммо ёди шаҳидон натанҳо фаромӯш нахоҳад шуд, балки рӯз ба рӯз дар ҷомеа зиндатар мешавад, зеро шуҳадо улгӯ ва усва ҳастанд.