Намоиши филми эронии «Ба вақти шом» дар Ҷопон
Филми эронии «Ба вақти шом» (“Damascus Time) ба коргардонии Иброҳими Ҳотамикиё аз рӯзи шанбе, якуми декабр ба муддати як ҳафта дар шаҳри Токио, пойтахти Ҷопон намоиш дода мешавад.
Дар остонаи намоиши филми "Ба вақти шом" дар Токио аз постери ҷопонии ин филми синамоӣ низ рӯнамоӣ шуд.
Пеш аз ин ҷадидтарин асари Иброҳими Ҳотамикиё дар Лубнон, Сурия ва Ироқ ба истиқболи густурдаи мардум, масъулон ва ҳунармандони ин се кишвар рӯ ба рӯ шуда буд.
Ин филми синамоӣ, ки бо се забони байналмилалӣ сохта шуда, мавриди истиқболи ширкатҳои пахши ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Ин филм ба сурати мустақим ба ҳаводиси минтақа ва гурӯҳҳои террористӣ-такфирӣ пардохтааст. Дар хулосаи ин филм омадааст, ду халлабони эронӣ маъмур мешаванд, то теъдоде аз мардуми шаҳри Тадмурро дар вилояти Ҳумси Сурия, ки дар муҳосираи ДИИШ ҳастанд, бо ҳавопаймо наҷот диҳанд, ки бо суқути ҳавопаймои онҳо ба сарнавишти аҷиб дучор мешаванд.
Пештар Иброҳими Ҳотамикиё, нависанда ва коргардони филми "Ба вақти шом" таъкид карда буд, дар ин филм ҳеҷ зиёдаравӣ ҷой надорад.
Дар ин филм илова бар бозигарони эронӣ, ҷамъе аз бозигарони сурӣ ва лубнонӣ низ ифои нақш кардаанд.