Ноябр 12, 2018 18:27 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҷузъиёти консерти муштараки хонандагони кишварҳои форсизабон

Ҷузъиёти консерти “Ошиқонаҳои бемрз”, ки ба унвони аввалин консерти муштараки кишварҳои форсизабони Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар Теҳрон баргузор мешавад, эълом шуд.

Ба гузориши сомонаи “Эрон онлайн”, ин консерти муштарак рӯзҳои 22 ва 23 озармоҳ баробар бо 13 ва 14 декабр дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Ҳисомиддини Сироҷ, хонандаи эронии ин консерт гуфт, таронаҳое, ки дар консерти “Ошиқонаҳои бемрз” иҷро мешавад, таронаҳое аст, муштарак байни кишварҳои Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳое, ки ба унвони Осиёи сағир(кӯчак) машҳуранд ва аз назари мусиқӣ шабоҳатҳое бо мо доранд.

Вай афзуд, таснифҳо ва таронаҳое, ки дар ин се кишвар бар сари забонҳо аст низ дар ин консерт иҷро хоҳад шуд.

Ҳисомиддини Сироҷ аз Эрон, Қурбоналӣ Раҳмон аз Тоҷикистон ва Ваҳид Қосимӣ аз Афғонистон се хонандаи консерти муштараки форси забонон ба номи “Ошиқонаҳои бемрз” ҳастанд.