Ноябр 12, 2018 19:52 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Эрон аз Амрико дар Созмони байналмилалии дарёнавардӣ

Эрон аз Амрико ба сабаби таҳримҳои ғайриқонуние, ки қавонин ва муқаррароти байналмилалиии дарёиро поймол мекунад, ба Созмони байналмилалии дарёнавардӣ шикоят кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муҳаммади Ростод, раиси Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон рӯзи душанбе дар ҳамоиши омӯзиши луҷистик ва занҷираи ҳамлу нақл, ки бо ҳузури коршиносон ва мақомоти дарёнавардии Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон баргузор шуд гуфт, Эрон шикояти худро аз Амрико дар Созмони байналмилалии дарёнавардӣ сабт кардааст.

Ба гуфтаи вай, ҳафтаи оянда, ки иҷлоси 121-уми Шӯрои Созмони байналмилалии дарёнавардӣ дар Лондон баргузор хоҳад шуд, ҳайати намояндагии Эрон дар ин созмон, баёнияи эътирозомези худро дар бораи таҳримҳои якҷониба ва ноодилонаи Амрико, ки бо ҳамаи муқаррарот ва конвенсиянҳои байналмилалӣ мухолиф аст, хоҳад хонд.

Ростод пешбини кард, бо таваҷҷуҳ ба ин ки дар давари ҷадиди таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи Эрон ҳеҷ кишваре ҳамроҳии ҷиддӣ бо Амрико надоштааст, ҷомеаи ҷаҳонии дарёӣ аз эътироз ва шикояти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳимоят кунад.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи 8 моҳи май хориҷ шудани кишварашро аз  БАРҶОМ эълом кард ва 5 ноябр давраи тозаи таҳримҳо зидди Эронро, ки бештар содироти нефти Эрон, саноати ҳавоӣ, киштиронӣ ва бонкиро шомил мешавад, ба иҷро гузошт.