Ноябр 15, 2018 17:32 Asia/Dushanbe
  • Озод шудани панҷ тан аз марзбонони рабудашудаи эронӣ

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз озод шудани панҷ нафар аз марзбонони рабудашудаи эронӣ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, генерал Ҷаъфарӣ рӯзи панҷшанбе дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, панҷ нафар аз марзбонони рабудашуда озод шудаанд ва ҳам акнун дар ихтиёри давлати Покистон ҳастанд.

15 октябри гузашта, 12 марзбони эронӣ, ки дар нуқтаи сифри марзӣ дар минтақаи Мирҷова дар ҷанубишарқи Эрон мустақар буданд, ба дасти гурӯҳакҳои террористӣ ва зидди инқилоб рабуда ва ба дохили хоки Покистон мунтақил шуданд.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ афзуд, озодии тамомии марзбонони эронӣ, ниёзманди замон аст ва набояд нигарон буд.

Вай бо ишора ба таҳдидҳо ва ҳаракатҳои Арабистони Саудӣ алайҳи Эрон низ гуфт, бисёре аз посухҳои мо ба иқдомот ва таҳдидҳои кишварҳои минтақа, ки алайҳи Эрон иқдом мекунанд ғайри расонаӣ, ноошкор ва албатта дарднок хоҳад буд.