Ноябр 17, 2018 10:33 Asia/Dushanbe
  • Муовини вазири хориҷаи Испания дар дидори Ироқчӣ: Аврупо аз БарҶом ҳимоят мекунад

Қоиммақом (муовин) - и вазири хориҷаи Испания ҷумъашаб дар дидори Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири хориҷаи Эрон дар Мадрид бар иродаи сиёсии Аврупо барои муқобила бо сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико таъкид кард ва гуфт, Аврупо аз БарҶом ҳимоят мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Фернандо Мартин Валензуела хотирнишон кард, Иттиҳоди Аврупо ба дунболи таҳияи созукоре аст, ки мустақил аз бонкҳои марказӣ ва дигар ниҳодҳои пулӣ ва молӣ битавонад равобити Эрон ва Аврупоро пӯшиш диҳад.

Дар ин дидор, ки дар қолаби дувумин даври гуфтугӯҳои сиёсӣ - машваратии муовинони вазирони хориҷаи Эрон ва Испания баргузор шуд, ду тараф илова бар БарҶом ва равобити дуҷониба дар хусуси таҳаввулоти минтақа, ба вижа ояндаи Сурия, вазъияти вахими куштори ғайринизомиён дар Яман ва мавзӯи гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ва дигар шаклҳои терроризм баҳсу ройзанӣ карданд.

Ироқчӣ ҷумъашаб ҳамчунин бо Пио Гарсия Эскудеро, раиси Маҷлиси сенати Испания дар Мадрид дидор кард.

Ироқчӣ дар ин дидор равобити Эрон ва Испанияро таърихӣ хонд ва гуфт, ҳамкориҳои Эрон ва Испания дорои савобиқи чандсадсола ва асосёфта бар эҳтироми мутақобил аст.

Эскудеро низ дар ин дидор бо таъкид бар ин ки Аврупо аз БарҶом ҳимоят мекунад, изҳор дошт, кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Испания мухолифи хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бозгашти таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳрон ҳастанд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, сешанбеи 8 –уми май ба таври якҷониба бо нақзи тааҳҳудоти Вашингтон дар қиболи БарҶом, кишварашро аз ин тавофуқи байналмилалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард. Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ шудааст.