Оғози ҳамоиши муштараки Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон
(last modified Mon, 19 Nov 2018 09:06:08 GMT )
Ноябр 19, 2018 14:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамоиши муштараки Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар Теҳрон

Ҳамоиши муштараки Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар заминаи тавсеаи тиҷорати кишоварзӣ, иртиқои стандартҳои маҳсулоти содиротӣ ва воридотӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои фаннӣ ва дастовардҳои илмӣ имрӯз дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо””, дар ҳамоиши муштараки Эрон ва Иттиҳоди Аврупо 50 нафар аз фаъолону масъулони тиҷорӣ ва иқтисодии Иттиҳоди Аврупо ва беш аз 250 нафар аз масъулону коршиносони эронӣ ҳузур доранд. Дар ин ҳамоиши дурӯза Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар заминаи иртиқои стандартҳои маҳсулоту фаровардаҳои кишоварзӣ ва ғизоӣ барои содирот ва рафъи мавонеъ дар бахши карантинаҳои гиёҳӣ, чорво, паррандапарварӣ ва моҳидорӣ роҳкорҳои тақвияти равобити тиҷориро баррасӣ мекунанд. Баргузории чанд мизи гирди тахассусӣ барои ошноӣ бо фурсатҳои тиҷории дуҷонибаи Эрону Аврупо ва барпоии шаш комиссияи тахассусӣ дар бахши содироти мева, сабзӣ ва маҳсули ширӣ низ аз дигар барномаҳои ҳамоиши муштараки Эрону Иттиҳоди Аврупо аст.