Зариф: Ҷомеаи байналмилал аз якҷонибагароии Амрико хаста шудааст
Вазири хориҷаи Эрон ҷумъашаб дар поёни сафари 2 рӯзаи худ ба Италия, дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард, ҷомеаи байналмилал аз сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико хаста шудааст.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф бо ишора ба ҷаласот ва дидорҳои анҷомшуда дар ин сафар хотирнишон кард, баҳси БарҶом ва муқобила бо сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико дар тамоми ҷаласот матраҳ буд.
Зариф бо баёни ин ки ҷомеаи байналмилал хатари сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрикоро барои оянда мебинад, изҳор дошт, ҷомеаи байналмилал бояд барои муқобила бо ин сиёсатҳо ҳазинаҳои лозимро бипардозад.
Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин ба музокироти анҷомшуда бо аврупоиҳо дар хусуси ҳамкориҳои иқтисодӣ ва истифода аз механизмҳои вижа ишора кард ва гуфт, рискпазирии кишварҳои узви иттиҳодия то ҳадди қобили таваҷҷуҳе пойин буда, аммо бояд дид то куҷо омодагӣ доранд ин корро пеш бубаранд.
Вазири хориҷаи Эрон чаҳоршанбешаб барои ширкат дар иҷлоси солонаи гуфтугӯҳои медитаронаӣ вориди Рим - пойтахти Италия шуд.
Зариф дар муддати ҳузураш дар Рим зимни ширкат дар ин нишаст, дар ҳошияи он бо бархе мақомоти итолиёӣ ва ҳамчунин мақомоти ширкаткунанда, аз ҷумла вазирони хориҷаи Русия, Ҷопон, Италия ва Малта дидор ва гуфтугӯ кард.
БарҶом меҳвари аслии ин дидорҳо буд.