Ноябр 27, 2018 12:56 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии сивудумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ

Сивудумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ бо унвони «Қудс, меҳвари ваҳдати уммат» душанбешанбе бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.

Ширкаткунандагон дар сивудумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ дар баёнияи поёнӣ таъкид карданд, ки ормони Фаластин масъалаи меҳварии уммати исломӣ ва аввалин душмани ҷаҳони Ислом, режими ғосиби саҳюнистӣ аст, бинобар ин бояд тамоми талошҳо барои муқобила бо ин режими ғосиб ҳамсӯ шавад.

Ҳозирон дар конфронси Ваҳдати исломӣ бар зарурати ваҳдати байни мусулмонон, поён додан ба низоъҳои дохилӣ ва минтақаӣ ва низ убур аз ихтилофот ва тамаркуз бар нуқоти муштарак таъкид карданд.

Ҳамчунин уламои ҳозир дар конфронс мухолифати худро бо тарҳи амрикоии «муомилаи қарн», раванди шаҳраксозӣ, нобудии ҳаққи бозгашт, яҳудисозии Қудс ва Масҷидулақсо ва интиқоли пойтахти режими саҳюнистӣ ба ин шаҳрро эълом карданд.

Ҳозирон дар сивудумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ бо маҳкум кардани иқдоми давлати Амрико дар интиқоли сафораташ аз Телавив ба Байтулмуқаддас, бар зарурати рӯёрӯӣ бо ин иқдом ва боқӣ нигаҳ доштани Қудс ба унвони шаҳри адён ва тамаддунҳои гуногун таъкид карданд.

Ширкаткунандагон ҳамчунин мухолифати худро бо ҳамаи шаклҳои оддисозии сиёсӣ, бозаргонӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ бо режими саҳюнистӣ эълом карданд.

Сивудумин конфронси байналмилалии Ваҳдати исломӣ рӯзи шанбе 24 ноябр бо шиори «Қудс, меҳвари ваҳдати уммат» бо ширкати беш аз 350 шахсияти сиёсӣ ва андешаманди илмӣ аз 81 кишвар дар Теҳрон оғоз шуд ва душанбешаб бо судури баёнияе ба кор худ поён дод.