Ноябр 28, 2018 16:47 Asia/Dushanbe
  • Чопи тарҷумаи китоби “Моҷарои рафта” асари нависандаи тоҷик дар Теҳрон

Тарҷумаи форсии китоби “Моҷарои рафта”, навиштаи Абдулхалил Холиқзода, нависандаи тоҷик дар Теҳрон мунташир шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, мавзӯи ин китоб ба тавсифи ҳаводиси даҳаҳои ахир дар Тоҷикистон ихтисос ёфтааст.

Холиқзода дар пешгуфтори ин китоб навиштааст, хотираҳои фарде, ки дар Шӯравӣ рушд карда, 30 соли ахирро дар Душанбе зиндагӣ карда ва шоҳиди таҳаввулот ва кашмакишҳои замони фурӯпошии Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлол ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон будааст, метавонад ба қисме аз саволҳо ҷавоб бидиҳад.

Нависанда мӯътақид аст, дар ин китоб кӯшиш кардааст, то инсофро риоят кунад ва дар баёни воқеа ва ҳодисаҳо дақиқ бошад, ба вижа инки ҳамаи онҳое, ки дар бораашон ҳикоят кардааст, шахсиятҳои воқеӣ ва дар қайд ҳаётанд.

Ҳасан Қарибӣ, раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ- тоҷикии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргардон ва тасҳеҳи ин асарро бар ӯҳда доштааст.

Қарибӣ мегӯяд, маҳсули кори муаллиф, яке аз мухтасар ва муфидтарин осор дар мавзӯи таърихи муосири Тоҷикистон аст.

Вай тасреҳ кард, дар баргардони китоб бар хилофи равияи маъмул, ки барои фаҳми равони хонанда, онро ба форсии имрӯзаи Эрон вироиш мекунанд, дар ин асар аз ин ривол пайравӣ нашуда ва бо поварақӣ ва вожаномаи ибҳомоти вожагон бартараф шуда ва ончӣ дар дастраси хонандаи эронӣ қарор дорад ҳамон матне аст, ки дар Душанбе ба хатти кириллӣ ва дар интишороти «Ирфон» соли 2018, мунташир шудааст.