Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Неруҳои мусаллаҳи Эрон муқтадир ва боздоранда ҳастанд
(last modified Fri, 30 Nov 2018 12:18:07 GMT )
Ноябр 30, 2018 17:18 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Неруҳои мусаллаҳи Эрон муқтадир ва боздоранда ҳастанд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро муқтадир, боздоранда ва амниятофарин унвон кард.

Сайид Муҳаммадҳасани Абутуробифард дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон ба муносибати «Рӯзи неруи дарёии артиши Эрон», афзоиши иқтидор ва тавоноии неруҳои мусаллаҳи Эронро барои муқобила бо таҳдидҳои душман зарурӣ донист.

Ҳафтуми озар (28 ноябр) солрӯзи ҳамосаофаринии неруҳои киштии мушакандози «Пайкон», рӯзи неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон буд.

Дар чунин рӯзе, неруҳои киштии мушакандози «Пайкон» дар амалиёти «Марворид» бо офаридани ҳамосае баёдмонданӣ бо ҳамла ба поёнаҳои судури нафти «ал-Бакр» ва «ал-Уммия»-и Ироқ, беш аз ду севуми ин поёнаҳоро нобуд карданд ва парчами Эронро бар баланд‎тарин нуқтаи ин поёнаҳо барафроштанд.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо гиромидошт «Ҳафтаи басиҷ» (20 то 26 ноябр) гуфт: Басиҷ дар Эрони исломӣ, Ироқ, Сурия, Яман, Фаластин, Лубнон ва саросари ҷаҳони ислом дар баробари мустакбирон бо қудрат истодааст ва низоми султа аз басиҷ силиҳои пай дар пай дарёфт карда ва хоҳад кард.

Абутуробифард ҳамчунин бар ҳимоят аз мардуми мазлуми Фаластин дар баробари ҷиноёти саҳюнистҳо таъкид кард ва гуфт, муқовимати мардуми Фаластин боиси шикасти ахири режими саҳюнистӣ шуд.