Ноябр 30, 2018 18:41 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон ва Туркия бар амалӣ шудани тиҷорати 30-миллиарддолларии ду кишвар

Эрон ва Туркия таъкид карданд, тиҷорати 30-миллиарддолларии ду кишвар бояд ҷомаи амал бипушад.

Ба гузориши ИРНА, Алии Лориҷонӣ раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон асри панҷшанбе дар ҳошияи ёздаҳумин Маҷмаи умумии маҷолиси осиёӣ бо Биналӣ Йилдирим ҳамтои турки худ дар Истамбул дидор кард.

Лориҷонӣ дар ин дидор Эрон ва Туркияро ду шарики муҳими иқтисодии минтақа донист ва гуфт, ҳар ду кишвар дар фазои фишор ва таҳрим ниёзманди ҳамкории мутақобил ҳастанд.

Раиси маҷлиси Туркия низ дар дидор бо Лориҷонӣ таъкид кард, бояд равобити тиҷории Эрон ва Туркия ба 30 миллиард доллар афзоиш ёбад ва маҳдудиятҳо набояд ду кишварро аз расидан ба ин ҳадаф боз дорад.

Йилдирим бо баёни ин ки Амрико аз доллар ба унвони силоҳ истифода мекунад, афзуд: Сӯииостфодаи Амрико аз доллар хилофи ҳуқуқи байналмилал аст ва рафтори шоистае нест.

Ёздаҳумин нишасти серӯзаи Маҷмаи умумии маҷолиси осиёӣ бо мушорикати 23 кишвар, аз ҷумла Эрон, асри рӯзи панҷшанбе бо шиори "Афзоиши равнақи иқтисодии Осиё' дар Истамбули Туркия оғоз шуд.