Эрон хостори маҳкумияти изҳороти Пампео шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i39855-Эрон_хостори_маҳкумияти_изҳороти_Пампео_шуд
Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар номае ба дабири кулли ин созмон ва раиси Шӯрои амният, хостори маҳкумияти изҳороти ғайримасъулона ва таҳрикомези Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико алайҳи миллати Эрон шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 01, 2018 09:04 Asia/Dushanbe
  • Эрон хостори маҳкумияти изҳороти Пампео шуд

Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа дар номае ба дабири кулли ин созмон ва раиси Шӯрои амният, хостори маҳкумияти изҳороти ғайримасъулона ва таҳрикомези Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико алайҳи миллати Эрон шуд.

Ба гузориши ИРНА, намояндагии доими Эрон дар Созмони Милал дар ин нома ба изҳороти ахири Пампео, ки миллати Эронро ба қаҳтӣ таҳдид карда буд, ишора ва тасреҳ кард ин гуна изҳорот бахше аз сиёсатҳои Амрико барои эъмоли фишор ва таҳдиде амалӣ барои ба роҳ андохтани ҷанги иқтисодӣ алайҳи мардуми Эрон аст.

Намояндагии Эрон дар Созмони Милал дар ин нома ҳамчунин ба эъмоли муҷаддади таҳримҳои Амрико, ки монеи дастрасии мардуми Эрон ба ниёзмандиҳои асосӣ аз қабили дору, лавозими пизишкӣ ва дармонӣ шудааст, ишора ва таъкид кард, иқдомоти Кохи Сафед намунаи боризи ҷиноёт алайҳи башарият аст.

Дар номаи намояндагии Эрон дар СММ хотирнишон шудааст, иқдоми Амрико дар эъмоли муҷаддади таҳримҳои якҷониба алайҳи миллати Эрон, нақзи тааҳҳудоти Вашингтон таҳти БарҶом, Қатъномаи 2231 –и Шӯрои амният ва ҳукми Девони байналмилалии додгустарӣ аст.

Намояндагии Эрон дар Созмони Милал дар ин нома изҳороти Пампеоро нишонаи дигаре аз сиёсати зӯргӯёнаи Амрико баршумурд ва изҳор дошт, Вашингтон ҳозир аст илова бар муҷозоти миллати Эрон, дигар кишварҳоро низ ба далели пайравӣ аз қатъномаи Шӯрои амният танбеҳ кунад.

Намояндагии Эрон дар СММ таъкид кард, ҳамон гуна, ки Эрон дар 40 соли гузашта дар муқобили зӯргуиҳо ва иқдомоти ғайриқонунии Амрико муқовимат карда, дар муқобили сиёсатҳои ғалати ахири ин кишвар низ муқовимат хоҳад кард ва сарбаланд хоҳад шуд.

Намояндагии Эрон дар Созмони Милал дар ин нома аз ҷомеаи байналмилал хост, дар муқобили ин гуна сиёсатҳо, ки бунёдҳои Созмони Милал ва чандҷонибагароиро таҳдид мекунад, истодагӣ ва Амрикоро водор ба пойбандӣ ба усул ва аҳдофи Созмони Милал кунад.