Декабр 02, 2018 19:02 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Эрон: Қудрати дифоии Эрон паёми сулҳ дорад

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Қудрати дифоии Эрон дар ҷиҳати ҳифзи оромиш ва амният аст ва паёми сулҳ ва дӯстӣ дорад.  

Генерал Амири Ҳотамӣ, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон афзуд: Эрон тавонистааст аз назари тавлидоти дифоӣ амалкарди бисёр матлуб ва қобили қабул дошта бошад ва вазорати дифоъ низ бо вуҷуди таҳримҳои сахти 40 сола, дар санъати дифоӣ ба худкифоӣ расидааст.  

Вай таъкид кард: Имрӯз Эрон яке аз қудратҳои бартар дар сохти таслиҳоти мушакӣ, радарӣ, зиреҳӣ ва паҳподӣ аст ва паҳподҳои эронӣ бидуни кӯчактарин хато дар нуқоти мухталиф ва дар фавосили тӯлонӣ ба парвоз дармеоянд ва бо диққати боло аҳдофи худро мунҳадим мекунанд.

 

Барчасп