Декабр 04, 2018 09:26 Asia/Dushanbe
  • Ривояти дабири иҷроияи Ҷоизаи Ҷалол аз далели баргузор нашудани бахши вижаи Тоҷикистон

Дабири иҷроияи яке аз муътабартарин ҷоизаҳои адабии Эрон монеатарошӣ барои ҳузури меҳмонони тоҷикро сабаби баргузор нашудани бахши вижаи 10 соли адабиёти Тоҷикистон дар ин ҷоиза донист.

Маҳдии Қизилӣ, мудири кулли Бунёди шеъру адабиёти достонии эрониён ва дабири иҷроияи ёздаҳумин Ҷоизаи адабии Ҷалол оли Аҳмад ба хабаргузории “Мизон” гуфт, бахши вижаи кишварҳои форсизабон аз Ҷоизаи Ҷалол ҳазф нашудааст, балки дар ҳоли ҳозир баргузор намешавад. Қизилӣ гуфт, нуҳумин давраи Ҷоизаи Ҷалол оли Аҳмад ба 10 соли адабиёти кишвари Афғонистон пардохт ва барои даҳумин давра, ки соли гузашта баргузор шуд, осори кишвари Тоҷикистон ба унвони бахши вижа муаррифӣ шуд ва корҳо то ҳадде пеш рафт, аммо давлати Тоҷикистон иҷоза надод, ки нависандагону меҳмонони тоҷикистонӣ ба Эрон биёянд. Дабири иҷроияи ёздаҳумин Ҷоизаи адабии Ҷалол оли Аҳамад гуфт: “Бар асоси таҷрибаи давраи гузашта имсол бахши вижа барои адабиёти кишварҳои форсизабон дар назар нагирифтем, аммо умедвор ҳастем, ки ин бахш дар давраҳои баъдии Ҷоизаи Ҷалол баргузор ва ҷоизаи вижаи 10 соли адабиёти Тоҷикистон тақдим шавад”.

Ҷоизаи адабии Ҷалол оли Аҳмад як ҷоизаи адабии давлатӣ аст, ки ба манзури муаррифии осори баргузидаи адабиёти достонӣ дар Эрон поягузорӣ шудааст. Нахустин давраи ин ҷоиза, ки ба номи Ҷалоли оли Аҳмад, нависандаи машҳури эронӣ номгузорӣ шудааст, дар соли 2008 баргузор шуд.