Декабр 04, 2018 17:06 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Равобити Эрон бо ҷаҳон қатъшуданӣ нест

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, Амрико наметавонад равобити тиҷории Эронро бо минтақа ва ҷаҳон қатъ кунад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷамъи мардуми Шоҳруд дар устони Симнони Эрон гуфт: Амрико бидонад, мардуми Эрон бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон равобити фарҳангӣ ва иқтисодӣ ва сиёсиро ҳифз хоҳанд кард ва иртибототи худро бо ҳамсоягон ва кишварҳои исломӣ низ тавсеа хоҳанд дод.  

Рӯҳонӣ гуфт: Миллати Эрон ҳаргиз дар баробари душман сар фуруд наёварда ва нахоҳад овард ва собит карда, ки пирӯзи ниҳоӣ дар набард бо Амрикост.

 

 

Барчасп