Зариф: Эрон террористҳо ва арбобони ононро муҷозот мекунад
(last modified Thu, 06 Dec 2018 14:47:41 GMT )
Декабр 06, 2018 19:47 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон террористҳо ва арбобони ононро муҷозот мекунад

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, Эрон террористҳо ва арбобони ононро муҷозот мекунад.

Як террорист имрӯз панҷшанбе ба мақари интизомии шаҳристони Чобаҳор дар устони Систон ва Балучистон Эрон, ҳамла ва як худрави дорои маводи таркандаро дар вурудии ситоди интизомии ин шаҳристон мунфаҷир кард. Дар ин ҳамла ду нафар ба шаҳодат расиданд ва 28 нафар аз шаҳрвандон маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт, ҳамонтавр, ки дар гузашта ба сароҳат гуфтаем, ингуна ҷиноёт бемуҷозот намемонад.

Зариф афзуд, нерӯҳои амниятии Эрон дар соли 2010 ифротиёнро дар масири Имороти Муттаҳидаи Араб, радёбӣ ва боздошт карданд.