Декабр 07, 2018 20:07 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури донишгоҳҳои эронӣ дар рутбабандии донишгоҳҳои бартари ҷаҳон

Бар асоси гузориши пойгоҳи рутбабандии Таймс, донишгоҳҳои Эрон дар 9 ҳавзаи мавзӯии пизишкӣ, улуми физикӣ, ҳунар ва улуми инсонӣ, улуми иҷтимоӣ, иқтисод ва тиҷорат, улуми зистӣ, омӯзиш, улуми компютерӣ ва муҳандисӣ ва фановарӣ дар байни донишгоҳҳои бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.

Ба гузориши ИРНА, Донишгоҳи Теҳрон дар ҷадидтарин рутбабанди мавзӯии Таймс, дар ҳавзаҳои улуми инсонӣ, улуми иҷтимоӣ ва омӯзиш ва дар ҳавзаи иқтисод ва тиҷорат ба ҳамроҳи Донишгоҳи Исфаҳон дар ҷамъи донишгоҳҳои бартари ҷаҳон қарор дорад.

Бар асоси ин рутбабандӣ, дар ҳавзаи мавзӯи муҳандисӣ ва фанноварӣ, 23 донишгоҳ аз Эрон дар байни 903 донишгоҳи бартари ҷаҳон дар ин ҳавза қарор гирифтаанд, ки Донишгоҳи Теҳрон ва Донишгоҳи саноатии Нушервони Бобул дар байни донишгоҳҳои Эрон рутбаи аввалро дар ин ҳавза доранд.

Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон, донишгоҳҳои улуми пизишкии Эрон, улуми пизишкии Машҳад, улуми пизишкии Табрез ва Донишгоҳи улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ низ дар ҳавза мавзӯии муҳандисӣ ва фанноварӣ дар байни донишгоҳҳои бартар қарор доранд.

Рутбабандии Таймс аз машҳуртарин низомҳои рутбабандии байналмилалӣ аст, ки ҳарсола донишгоҳҳои бартари ҷаҳонро бар асоси 13 шохиси амалкард дар қолаби 5 меъёри куллии омӯзиш, пажӯҳиш, истинодот, даромади санъатӣ ва ваҷҳаи байналмилалӣ ҷиҳати анҷоми муқоисаҳои ҷомеъ ва мутавозин мавриди арзёбӣ ва рутбабандӣ қарор медиҳад.

 

Барчасп