Руҳонӣ: Эрон, бузургтарин қурбонии терроризм
Раиси ҷумҳури Эрон гуфт: Ҳаводиси террористӣ дар азму иродаи давлат ва миллати Эрон дар муборизаи бе амон бо ашколи терроризм кучактарин халале ворид накарда ва нахоҳад кард.
Ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон имрӯз шанбе дар маросими ифтитоҳи дуввумин конфронси раисони маҷлисҳои шаш кишвари минтақа афзуд: Ҷумҳурии исломии Эрон аз бадви таъсис токунун ба унвони бузургтарин қурбонии терроризм бо ин падидаи шум ру ба ру буда ва аз ин бобат мутаҳаммили хасорати ҷонӣ ва молӣ сангинӣ шудааст.
Раиси ҷумҳури Эрон гуфт: иқдомоти террористӣ дар бомбгузориҳои соли 1981 ва шаҳодати беш аз 17 ҳазор тан аз мардуми оддӣ дар 40 соли гузашта ба дасти гуруҳҳои террористӣ, ки ҳаминак дар Аврупо ва Амрико таҳти ҳимояти давлатҳои ғарбӣ ҳастанд аз ҷумлаи ин хасорот аст.
Руҳонӣ афзуд: шаҳодати донишмандони ҳастаӣ дар аввалҳои ин даҳа ба дасти авомили террористии давлатҳои бегона, ҳамлаи террористии Доиш дар соли 2017 ба маҷлиси Шурои исломӣ, ҳодисаи террористии ахир дар шаҳри Аҳвоз (ҷануби ғарби Эрон) ва ҳамчунин ҳодисаи ду рузи гузашта дар Чобаҳор (ҷануби шарқи Эрон) низ аз ҷумлаи хасоратҳои Эрон аз терроризм аст.
Раиси ҷумҳури Эрон бо ироаи ҳашт роҳкор барои амалисозии минтақа қавитар таъкид кард: Теҳрон барои мушорикат дар сохти минтақае қавитар омодааст.
Руҳонӣ таъкид кард: кишваре, ки ҷанге тиҷорӣ бо Чин ба роҳ андохта, ба Покистон таъна мезанад, Афғонистонро таҳқир, Туркияро танбеҳ, Русияро таҳдид ва Эронро таҳрим мекунад, муттаҳами радаи аввал дар шикастани пайвандҳост ва мо дар баробари Амрико хоҳем истод.
Раиси ҷумҳури Эрон афзуд: ҳарҷо, ки Амрико дар инҳидоми ҷомеъаҳо саҳме дошта бошад, иҷоза нахоҳем дод, ки аз ҳазинаи хасоратҳо ва вайрониҳо бигурезад.