Декабр 08, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси маҷолиси шаш кишвари осиёӣ дар Теҳрон, ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм

Дувумин Иҷлоси раисони маҷолиси кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Туркия, Чин ва Русия имрӯз дар Теҳрон баргузор мешавад.

Сарони маҷолиси шаш кишвар дар конфронси Теҳрон дар хусуси таҷрубаи танзими қонунгузорӣ ва роҳбурди муқобила бо терроризм ва низ ҳамкориҳои байни маҷолис гуфтугӯ мекунанд.  

Муқобила бо терроризм, таҷоруби гузашта, роҳбурдҳои кунунӣ ва иттихози рӯйкарди ҷадид ва муассири минтақаӣ, густариши иртиботот ва тақвияти ҳамкориҳои байниминтақаӣ, аз мавзуотест, ки дар ин нишаст матраҳ мешавад.

Ҳузури кишварҳои муҳим ва таъсиргузори минтақа дар сатҳи раисони маҷолис дар нишасти Теҳрон ва меҳварҳои мавриди баҳс дар ин иҷлос нишондиҳандаи аҳаммияти ҷиҳатгириҳои ҷадиди амниятӣ дар минтақа аст.  

Таҷруба нишон медиҳад, рафтори бархе кишварҳои минтақа ва мудохилоти бегонагон амалан ба абзоре барои таҳаққуқи сиёсатҳои султаҷуёнаи қудратҳои фароминтақавӣ табдил шудааст.  

Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Шӯрои исломӣ, дар дидор бо Чен Зу, раиси Маҷлиси миллии Чин бо ишора ба ин мавзуъ гуфт: Амрико шумори зиёде аз диишиҳоро ба Афғонистон мунтақил карда, ки ин мавзуъ метавонад ҳамон дардисареро, ки дар Ироқ ва Сурия ба вуҷуд овард, дар манотиқи дигаре аз Осиё ба вуҷуд биоварад.

Ингуна рафторҳо на танҳо саҳме дар барқарории амният дар минтақа надоранд, балки ба бахше аз мушкилоти амниятии минтақа табдил шудаанд.  

Бо таваҷҷуҳ ба зарурати иттихози созукорҳои муштарак дар муқобила бо терроризм ва ҳамчунин шароити ҳоде, ки дар ин замина кишварҳои минтақа бо он даст ба гиребон ҳастанд, баргузории нишасти Теҳрон дар шароити кунунии минтақа аз аҳаммияте музоаф бархурдор аст.

Воқеияти талх ин аст, ки таҳдиди терроризм ҳануз ҳам ҷиддӣ ва рӯ ба густариш аст.

Тозатарин намуна дар ин замина, ҳамлаи террористии рӯзи панҷшанбе дар шаҳристони Чобаҳор воқеъ дар ҷануби шарқи Эрон аст.  

Ҳамлаи террористии Чобаҳор нишон дод, талошҳои созмонёфта барои эҷоди ноамнӣ дар минтақа ҷарён дорад.

Ин ҳодиса бори дигар муъзали бархурди дугонаи бархе аз муддаиёни дуруғини мубориза бо терроризмро ба тасвир кашонд ва паёмадҳои пуштибонӣ ва ҳимояти онҳо аз террористҳоро дар маърази нигоҳи ҷаҳониён қарор дод.