Декабр 09, 2018 09:51 Asia/Dushanbe
  • Густариши равобити Теҳрон ва Маскав дар ҳавзаҳои мухталиф

Сафири Эрон дар Русия шанбешаб бо баёни инки Теҳрон ва Маскав дар тамоми ҳавзаҳо равобити худро густариш додаанд, гуфт, ду тараф ба ин раванд идома хоҳанд дод.

Ба гузориши ИРНА, Меҳдии Саноӣ дар ҷамъи донишҷӯёни эронии муқими Маскав бо ишора ба инки дар чаҳор соли гузашта, равобити Эрон ва Русия ба шакли бесобиқае дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, гардишгарӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, амниятӣ ва низомӣ рушд дошта аст, афзуд: Дар ҳавзаи гардишгарӣ ва ҳузури донишҷӯёни эронӣ дар Русия шоҳиди рушди 10-баробарӣ будаем.

Саноӣ тасреҳ кард: Афзоиши рафту омадҳо миёни мақомоти ду кишвар дар авҷи ихтилофҳо бо Амрико, паёми равшане дорад ва гӯёи густариши равобит Теҳрон ва Маскав аст.

Меҳдии Саноӣ бо ишора ба инки асноди зарурӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф миёни мақомоти олии ду кишвар ба имзо расидааст, афзуд: Аз назари сиёсӣ ҳеҷ монее бар сари роҳи густариши ҳамкориҳои ду кишвар вуҷуд надорад.

 

Барчасп