Сафари беш аз чаҳор миллиону 700 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40044-Сафари_беш_аз_чаҳор_миллиону_700_ҳазор_гардишгари_хориҷӣ_ба_Эрон
Муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон аз сафари беш аз чаҳор миллиону 700 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Эрон аз 22 март то 22 октябри 2018 хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 09, 2018 14:11 Asia/Dushanbe
  • Сафари беш аз чаҳор миллиону 700 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Эрон

Муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон аз сафари беш аз чаҳор миллиону 700 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Эрон аз 22 март то 22 октябри 2018 хабар дод.

Валии Темурӣ муовини гардишгарии Созмони мероси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон гуфт: Аз 22 март то 22 октябр 2018 чаҳор миллиону 739 ҳазору 413 гардишгар ба Эрон сафар кардаанд.

Темурӣ афзуд: Бештарин гардишгароне, ки дар ин муддат ба Эрон сафар кардаанд, аз кишварҳои ҳамсоя ва ба тартиб аз Ироқ, ҷумҳурии Озарбойҷон, Афғонистон, Туркия ва Покистон будааст.

Алиасғари Мунисон раиси Созмони мероси фарҳангӣ ва саноати дастӣ ва гардишгарии Эрон низ чанде пеш эълом кард: Омори вуруди гардишгари хориҷӣ ба Эрон аз 22 март то 22 сентябри 2018 нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 51 дарсад афзоиш ёфтааст.