Дастгирии 12 нафар дар робита бо ҳодисаи террористии Чобаҳор
(last modified Thu, 13 Dec 2018 13:37:11 GMT )
Декабр 13, 2018 18:37 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии 12 нафар дар робита бо ҳодисаи террористии Чобаҳор

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон (НОҶО) аз боздошти 12 нафар дар робита бо ҳодисаи террористии Чобаҳор, ҷанубиу шарқи Эрон, хабар дод.

Ба гузориши рӯзи панҷшанбе хабаргузории Тасним, генерал Айюби Сулаймонӣ, ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, тақрибан тамоми авомили дохилии ҳодисаи террористии Чобаҳор боздошт шуданд.

Ҷонишини фармондеҳи нерӯи интизомии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳол тасреҳ кард, иқдомоти пулис барои боздошти авомили хориҷии ҳодисаи террористии Чобаҳор идома дорад.

Як террорист шашуми декабр бо истифода аз як дастгоҳи худрав ҳомили маводи мунфаҷира қасди ҳамла ба мақари интизомии шаҳристони Чобаҳор, устони Систон ва Балучистон, ҷанубу шарқи Эронро дошт, аммо замоне, ки ин террорист бо муқовимати нерӯҳои интизомӣ мувоҷиҳ шуд, худрави ҳомили маводи мунфаҷираро дар вурудии ситоди нерӯи интизомии ин шаҳристон мунфаҷир кард.

Дар ин ҳамлаи террористӣ, 2 нафар шаҳид ва 42 нафар аз шаҳрвандон аз ҷумла чанд зан ва кӯдак захмӣ шуданд. Омили ҳамлаи террористии Чобҳор низ ба ҳалокат расид.