Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Душманон дар зарба задан ба Эрон ноком мемонанд
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо ишора ба тавтиаҳои душманон зидди Эрон аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ гуфт: Душманон дар расидан ба аҳдофи шуми худ ноком хоҳанд монд.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Козими Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни инки инқилоби исломии Эрон бо гузашти чиҳил сол аз замони пирӯзии худ ҳамчунон боланда аст, афзуд: Басиҷи кишварҳои минтақа барои муқобила бо тавтиаҳои душманон ва эҷоди сади оҳанин барои шикасти тавтиаҳои онон дар Сурия, Ироқ ва Лубнон нишон медиҳад, ки инқилоби исломӣ ҳамчунон тароват дорад.
Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Саддиқӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон афзуд: Мардуми Эрон бо пайравӣ аз раҳнамудҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз таҳримҳо убур хоҳанд кард ва ба душманон бори дигар собит мекунанд, ки пуштибони низоми исломӣ ҳастанд.
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ба эътирозҳои густурдаи мардуми Фаронса низ ишора кард ва гуфт: Фаронса, ки дар тавтиаҳои Амрико зидди Эрон шарики Вашингтон аст, худ ба бунбаст расидааст.
Намозгузорони теҳронӣ пеш аз иқомаи намози ҷумъа бо сар додани шиорҳое сиёсатҳои зиддиинсонии Амрико, режими саҳюнистӣ ва Оли Сауд зидди мардуми минтақаро маҳкум карданд.