Декабр 17, 2018 13:05 Asia/Dushanbe
  • Чиҳилсол сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон

Режими баъсии Ироқ аз рӯзи 22 сенябри 1980 бо бамборони фурудгоҳҳои Эрон, расман ҷанг алайҳи Эронро оғоз кард ҷанге, ки 8 сол давом дошт.

Сиёсати хориҷии кишварҳои даргири ҷанг, ба шиддат мутаъассир аз ҳадафҳо ва стратегияи ҷангии онҳо аст ва фаҳми ҳар як аз ин ду мақула бидуни фаҳми дигарӣ мумкин нест, ин қоида дар маврид ҷанги ҳаштсолаи Эрон ва Ироқ низ содиқ аст.

Агар чи судури инқилоб дар қолиби улгусозии дохилӣ дар ин давра пайгирӣ шуд, аммо муҳимтарин ҳадафи сиёсати хориҷӣ бақои ҷумҳурии исломӣ ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар буд.

Муҳимтарин ҳадафи Ироқ аз оғози ҷанг алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, барандозии ҷумҳурии исломӣ ва ишғоли бахшҳое аз хоки Эрон ба хусус Хузистон буд. Дар ҳамин росто нахуствазири вақти Ироқ дар оғози ҷанг гуфт: муҳимтарин ҳадафи ҷанг, сарнагунии Ҷумҳурии исломии Эрон аст, ки таҳдиде алайҳи Ироқ ба шумор меравад.

Судури инқилоб, ҳадафҳои муҳими сиёсати хориҷии Эрон дар замони ҷанги таҳмилӣ

Судури инқилоб яке дигар аз аҳдофи муҳими сиёсати хориҷии Эрон дар замони ҷанги таҳмилӣ буд. душманони Эрон аз роҳбурди "судури инқилоб" баҳраварии сиёсӣ карда ва ҷумҳурии исломиро ба мудохила дар умури хориҷии кишварҳои арабӣ муттаҳам карданд. Ин дар ҳолест, ки судури инқилоб маътуф ба тасбит ва улгусозӣ дар дохил шуд. Теъории "Уммулқарои Исломӣ" тавассути "Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ" дар ин давра матраҳ шуд. Мутобиқи ин теорӣ : " ҳавзаи машруияти ҳукмронии низом ба марзҳои ҷуғрофиёии он маҳдуд мешавад ва имконоти мамлакат бояд мунҳасиран ба марзҳои ҷуғрофиёӣ маҳдуд шавад. Агар Эрон обод шавад беҳтарин таблиғ барои ислом аст". Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин руйкард шаш кишвари арабӣ дар соли 1981 Шурои ҳамкории халиҷи Форсро ташкил доданд, то ба қавли худашон монеъи судури инқилоби исломии Эрон шаванд. Ба истиснои Сурия, ҳамаи кишварҳои арабӣ дар ин ҷанг дар канори режими баъсии Ироқ қарор гирифтанд ва ҳатто бо гузашти замон ва ба хусус пас аз пирӯзиҳои Эрон ҳимояти онҳо аз Ироқ афзоиш ёфт. Пас аз пирӯзии Эрон дар амалиёти "Фов", ки ба гуфтаи Ҳусейни Алоӣ муваффақтарин амалиёти ҷанги Эрон ва Ироқ буд, ки таи он дастрасии Ироқ аз обҳои халиҷи Форс қатъ шуд, кумакҳои арабҳои халиҷи Форс ба Ироқ шадидан афзоиш ёфт. Таҳти фишори Амрико, мавзеъи шурои ҳамкории халиҷи Форс аз нимаи ҷанг ба баъд нисбат ба Эрон таҳоҷумӣ ва хасмонатар шуд. Авҷи ин руёруӣ низ куштори ҳоҷиёни эронӣ дар маросими Ҳаҷи соли 1987 дар Арабистон буд.

Мувоҷиҳаи мутавозин бо ду абарқудрат

Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин давра дар баробари ду абарқудрати шарқ ва ғарб, дар чорчуби асли "на шарқӣ-на ғарбӣ" ё сиёсати мактабе бар пояи мувоҷиҳаи мутавозин бо ду абарқудрат устувор буд.

Эрон бар мабнои асли истикборситезӣ ҳар ду абарқудратро мазҳари истикбор, истеъмор ва султа медонист, ки бояд бо онҳо мубориза кунад. Ҷумҳурии исломӣ аз депломасии "ҳазф"-и яке аз абарқудратҳо барои имтиёзгирӣ аз дигаре суд набарад, балки бо вуҷуди ҷанг, боз ҳам "истиқлол" ва набуди вобастагӣ ба абарқудратҳоро баргузид.

Амрико ва иттиҳоди ҷамоҳири Шуравии собиқ, ҳар ду дар ин ҷанг аз Ироқ ҳимоят карданд ва ҳатто Амрико дар оғози ҷанги Ироқ алайҳи Эрон нақши таҳриккунанда барои Бағдод доштааст.

Ҳимояти тамомаёри Амрико аз Ироқ

Тасарруфи "Фов" (нимаҷазирае дар ҷануби Ироқ) тавассути неруҳои Эрон сабаби афзоиши ҳимояти ду абарқудрати вақт аз Ироқ дар ин ҷанг шуд. Дар воқеъ тасарруфи Фов ҳар ду абарқудратро ба зарурати пешгирӣ аз пирӯзии Эрон дар ҷанг дар чорчуби "ҷанги бебаранда" расонд.

Пирӯзиҳои низомӣ ва таҳаввулоти сиёсии ҷумҳурии исломӣ боис шуд Амрико аз вазъияти бетарафӣ дар ҷанг хориҷ шуда ва ба ҳимояти амалӣ аз Ироқ бипардозад, зеро аз манзари Амрико,  пирӯзии Эрон бар Ироқ ба чанд тариқ манофеъи Амрикоро таҳид мекард.

Нахуст инки,  амнияти энержӣ ва судури озодонаи нафт аз халиҷи Форс ба ғарб ба хатар меафтод.

Дуввум инки, амният ва суботи ҳампаймонони муҳофизакори араби Амрико тазъиф мешуд.

Севвум инки, амният ва бақои муттаҳиди стратиеги Амрико яъне Исроил таҳдид мешуд.

Ва чаҳорум инки, мувозинаи минтақаӣ ба зарари Амрико дар минтақаи Ховари миёна ва халиҷи Форс бар ҳам мехурд.

Лизо Амрико роҳбурди "ҷанги бебаранда"-ро аз тариқи наздикӣ ба Ироқ дар пеш гирифт.

Александр Ҳиг вазири хориҷаи вақти Амрико навишт: Амрико аз оғози ҷанг дар 20 моҳ қабл сиёсати комилан бетараферо дар пеш гирифта ва аз таҳвили ҳаргуна силоҳи сохти Амрико ба ду тараф худдорӣ кардааст. Аммо мафҳуми ин бетарафӣ он нест, ки мо нисбат ба натиҷаи ҷанг бетафовут ҳастем.

Амрико дустон ва манофиъе дорад, ки бар асари идомаи ҷанг мавриди таҳдид қарор гирифтаанд ва аз ин ру мусаммам аст аз манофеъи ҳаётии худ дар минтақа дифо кунад.

Амрико куллияи абзорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва низомии худро алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон ба кор гирифт. Дар сатҳи сиёсӣ талош кард аз тариқи Шурои амният ва хориҷ аз он таҳримҳоеро алайҳи Эрон эъмол кунад.

Илова бар ин, ба ҳимоят аз густараи иттилоотӣ ва таблиғотӣ аз Ироқ  мубодират варзид. Талош барои мухтал кардани содироти нафти Эрон яке дигар аз иқдомҳои Амрико буд.

Муҳимтарин омили фишори Амрико бар Эрон, ҳузури неруҳои низомии он дар халиҷи Форс буд ба тавре, ки ин кишвар дар октябри 1987 саккуҳои нафтии рашодат ва расолат ва дар апрели 1988 низ ду саккуи нафтии Наср ва Салмон мутаъаллиқ ба Эронро мунҳадим кард. Авҷи ин руёруӣ низ ҳамлаи нови "Винсенс"-и Амрико ба ҳавопаймои мусофирбарии Эрон буд, ки 290 мусофири он ба шаҳодат расиданд.

 

 

 

Барчасп