Декабр 18, 2018 11:52 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷии Эрон озими Женева шуд

Вазири умури хориҷии Эрон барои ширкат дар нишасти машваратии сеҷониба дар бораи Кумитаи Қонуни Асосии Сурия роҳии Женеваи Швейтсария шуд.

Нишасти машваратии сеҷониба дар бораи Кумитаи Қонуни Асосии Сурия бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия ва ба раёсати Стеффан де Мистура, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия баргузор мешавад.

Содиқҳусейн Ҷобири Ансорӣ, дастёри аршади вазири умури хориҷии Эрон дар умури вижаи сиёсӣ рӯзи душанбе бо Башор Асад, раисҷумҳури Сурия дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба таъсиси Кумитаи Қонуни Асосии ин кишвар дар Димишқ дидору гуфтугӯ кард.

Ҳафтаи гузашта Вазорати умури хориҷии Эрон мизбони Сергей Лаврентиев, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Сурия буд. Намояндагони Эрон ва Русия дар хусуси охирин таҳаввулоти Сурия табодули назар карданд.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шуд.

 

Барчасп