Расонаҳои Эрону Афғонистон дар садади таъсиси утоқи хабари муштарак
Мудири кулли Хабаргузории ҷумҳурии исломӣ (ИРНА) бо истиқбол аз дархости ҳайати расонаии Афғонистон барои таъсиси утоқи хабари муштараки расонаҳои Эрону Афғонистон таъкид кард, ду кишвар сарнавишти ба ҳам пайваста доранд.
Сайидзиёи Ҳошимӣ, мудири кулли ИРНА рӯзи душанбе дар дидори аъзои ҳайати расонаии Афғонистон дар Теҳрон бо баёни ин ки пайванди дерини таърихӣ, фарҳангӣ, отифии ду кишвари ҳамсоя дар чанд даҳаи гузашта мустаҳкамтар шудааст, гуфт, нақши расонаҳо дар тақвияти ин пайванд ва таҳкими равобиту муносиботи Теҳрону Кобул бемисл аст. Ҳошимӣ бо таъкид бар ин ки Эрон амният ва пешрафти Афғонистонро амнияту пешрафти худ медонад, афзуд, расонаҳои Афғонистон ва Эрон бояд дар баробари ҳуҷумҳои расонаӣ, ки дар садади тахриби равобит ва муносиботи ду кишвар ҳастанд, бо иқтидору ҳамоҳангӣ истанд ва дар муаррифии зарфиятҳо ва тавонмандиҳои ду кишвар талош кунанд. Аъзои ҳайати расонаии Афғонистон низ дар ин дидор эҷоди утоқи муштараки хабари расонаҳои Эрону Афғонистонро зарурӣ донистанд ва гуфтанд, бояд барои мунаввар кардани афкори умумӣ ҳамкорӣ ва таомули хабарии Эрону Афғонистон густариш ёбад.
Ҳайати 10-нафараи муташаккил аз масъулони ниҳодҳои ҳимоятӣ аз хабарнигорон ва расонаҳои Афғонистон бо ҳадафи густариши ҳамкорӣ бо Эрон ба Теҳрон сафар кардаанд.