Шамхонӣ: Истикбори ҷаҳонӣ ба дунболи зарба задан ба Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40306-Шамхонӣ_Истикбори_ҷаҳонӣ_ба_дунболи_зарба_задан_ба_Эрон_аст
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико, бо ташдиди таҳримҳо ва фишор ба дунболи зарба задан ба низоми исломии Эрон аст, ки монанди 40 соли гузашта боз ҳам ноком хоҳад монд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 19, 2018 15:04 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Истикбори ҷаҳонӣ ба дунболи зарба задан ба Эрон аст

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Истикбори ҷаҳонӣ ба саркардагии Амрико, бо ташдиди таҳримҳо ва фишор ба дунболи зарба задан ба низоми исломии Эрон аст, ки монанди 40 соли гузашта боз ҳам ноком хоҳад монд.

Алии Шамхонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон афзуд: Имрӯз дар ҷанги тамомаёри иқтисодӣ ва равонии душман зидди тавсеа ва пешрафти Эрон, ҳамчун даврони дифои муқаддас бояд бо ҳушёрӣ, ҳушмандӣ, фидокорӣ, сабр, муқовимат ва пойдорӣ аз киёни дин ва меҳан ва миллат дифоъ кард.

Шамхонӣ бо ишора ба хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ гуфт: Хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ нишон дод, ин кишвар барои зери по гузоштани қавонин ва қатъномаҳои байналмилалӣ ҳатто агар баҳонае низ надошта бошад, тардид намекунад.