Рӯҳонӣ: Даврони таҳмили сиёсатҳои Амрико дар минтақа ба сар омадааст
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Даврони дикта кардани сиёсатҳо ба сар омада ва Амрико қодир нест, аз ҳазорон километр он тарафтар барои миллатҳои минтақа нусха бипечад.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон асри чаҳоршанбе пеш аз тарки Теҳрон ба мақсади Анкара дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд: Мавозеи давлати Туркия дар баробари тавтеаи таҳримҳои Амрико зидди Эрон ҳамчун дигар ҳамсоягон, мавозее қотеъ ва таъсиргузор будааст.
Рӯҳонӣ, ки бо ҳадафи ширкат дар панҷумин Шӯрои олии роҳбурдии Эрон ва Туркия дар садри ҳайъате олирутба ба Анкара сафар мекунад, гуфт: Дар ин сафар мавзуоти дуҷонибаи минтақаӣ, ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ва ҳамчунин мабоҳиси ҳамкории иқтисодӣ, бонкӣ, тиҷорӣ дар заминаи энержӣ ва нафту газ баррасӣ хоҳад шуд.
Вай тасреҳ кард: Дар ин сафар тоҷирон ва бозаргонони Эрону Туркия дар қолаби ширкатҳои бахши хусусӣ бо ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар ҷаласаи муштараке баргузор хоҳанд кард.
Рӯҳонӣ амнияти минтақа ва мубориза бо терроризмро аз дигар заминаҳои ҳамкории Эрон ва Туркия унвон кард ва гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба инки Туркия дар ҳоли эҳдоси девор дар марзҳои шарқии худ ва марзҳои ғарбии Эрон аст, таваҷҷуҳ ба масоили зистмуҳитӣ аз дигар мабоҳиси матраҳ дар ин сафар аст.
Раисҷумҳури исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба музокироти сеҷонибаи Эрон, Туркия ва Русия барои ҳалли буҳрони Сурия гуфт: Эрон аз ибтидои буҳрони Сурия барқарории амният, бозгашти оворагони сурӣ ба хона ва супурдани сарнавишти Сурия ба мардуми ин кишварро хостор буд.