Руҳонӣ: Таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон иқдоме саддарсад террористӣ аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i40335-Руҳонӣ_Таҳримҳои_золимонаи_Амрико_алайҳи_Эрон_иқдоме_саддарсад_террористӣ_аст
Раисиҷумҳури Эрон гуфт, иқдомоти Амрико алайҳи Эрон саддарсад террористӣ аст, чаро, ки кишварҳои дигарро аз иҷрои қатъномаи 2231, тиҷорати озод ва иҷрои хости миллатҳо, ширкатҳо ва фаъолони иқтисодӣ метарсонад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 20, 2018 18:48 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: Таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон иқдоме саддарсад террористӣ аст

Раисиҷумҳури Эрон гуфт, иқдомоти Амрико алайҳи Эрон саддарсад террористӣ аст, чаро, ки кишварҳои дигарро аз иҷрои қатъномаи 2231, тиҷорати озод ва иҷрои хости миллатҳо, ширкатҳо ва фаъолони иқтисодӣ метарсонад.

Ҳасани Руҳонӣ дар нишасти хабарии муштараки худ бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар Анкара афзуд, қатъномаи 2231 аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон мехоҳад, ки аз БАРҶОМ ҳимоят кунанд ва фазои муносиберо барои тавсеаи равобити тиҷорӣ бо Эрон ба вуҷуд оваранд.

Раиси ҷумҳури Эрон гуфт,​ имрӯз чанд кишвари маъдуд дар ҷаҳон ба ҳамроҳи Амрико, қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ва қавонини байналмилалиро бо нодида гирифтани ҳаққи мардуми Эрон нақз карданд. Даврон қулдурмоб(зургӯ)-и дар ҷаҳон, поён ёфта ва миллатҳо бар асоси манофеи муштараки худ тасмимгирӣ мекунанд.

Руҳонӣ бо ташаккур аз мавозеи қотеъ ва сареҳи Эрдуғон ва давлати Туркия дар қиболи таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи Эрон, гуфт, ин мавозеи қотеъ дар қиболи якҷонбагароӣ ва таҳримҳои ғайриқонунӣ бар зидди Эрон ба маънои пойбандии ду кишвар ба қонун ва ахлоқ аст.

Раиси ҷумҳури Эрон афзуд, ду кишвар муътақиданд, ки мушкилоти Сурия бояд ба дасти мардуми ин кишвар ҳал ва тамомияти арзии Сурия низ ҳифз шавад. Дар айни ҳол тавофуқ шуд, ки иҷлоси баъдӣ дар бораи Сурия дар Русия бо ҳузур Эрон, Туркия ва Сурия баргузор шавад.

Руҳонӣ бо ишора ба масоили Яман гуфт, ҳар ду кишвар муътақид ба ҳалли буҳрони Яман аз тариқи музокироти яманӣ - яманӣ ҳастанд ва Эрон ва Туркия барои кумакҳои инсондӯстона ба мардуми ин кишвар талош хоҳанд кард.