Декабр 21, 2018 19:12 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Амрико аз Сурия шикаст хӯрдааст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон, хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Сурияро нишондиҳанда шикасти Амрико аз Сурия баршумурд ва таъкид кард, Вашингтон ва муттаҳидонаш қатъан дар дигар ҷабҳаҳо, аз ҷумла Яман низ бо шикаст мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Оятуллоҳ Муҳаммади Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо баёни инки Амрико, режими саҳюнистӣ ва режими саудӣ дар пайи барпоии фасод дар ҷаҳон ҳастанд, тасреҳ кард, Амрико ва муттаҳидонаш фасод эҷод мекунанд, то ҷаҳон дар дасти худашон бошад.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд: Амрико ва муттаҳидонаш аз кишварҳои мустақил, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон мехоҳанд чашми худро бар иқдомоти золимонаашон дар Фаластин, Баҳрайн, Яман, Ироқ ва Афғонистон бибанданд, аммо ҳаргиз ин иттифоқ нахоҳад афтод.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ тасреҳ кард, Амрико ва муттаҳидонаш расво хоҳанд шуд ва бо зиллату хорӣ аз байн хоҳанд рафт.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи чаҳоршанбе пас аз 7 соли нотавонии террористҳо дар сарнагун кардани низоми Сурия эълом кард, неруҳои амрикоӣ ба зудӣ аз Сурия хориҷ хоҳанд шуд.

Ҳузури ғайриқонунии Вашингтон дар Сурия ба баҳонаи мубориза бо терроризм дар ҳоле аст, ки Трамп дар оғози раёсати ҷумҳуриаш эътироф кард, ин кишвар омили аслии эҷоди гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ дар Сурия будааст.