Сентябр 13, 2016 20:56 Asia/Dushanbe
  • Санади роҳбурдии забони форсӣ ниҳоӣ шуд

Санади роҳбурдӣ (стратегӣ)-и ҳавзаи кишварҳои форсизабон бо ҳузури аксарияти аъзои Шӯрои роҳбурдии ин минтақа баррасӣ ва ниҳоӣ шуд.

Шӯрои роҳбурдии кишварҳои форсизабон, ки шомили Афғонистон, Тоҷикистону Узбакистон ва Эрон аст, ба раёсати Сайидмуҳаммадризои Дарбандӣ, муовини байналамилалии Бунёди Саъдӣ ва бо ҳузури Қаҳрамон Сулаймонӣ, ройзани собиқи Эрон дар Тоҷикистон ва муовини омӯзишӣ ва пажӯҳишии Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, Мардонӣ, сафири собиқи Эрон дар Узбакистон, Марҷонинажод, масъули собиқи Хонаи фарҳангии Эрон дар Ҳирот, Ҳайдарӣ, коршиноси Тоҷикистон дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ ва Исмоилӣ, узви Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон дар бинои Бунёди Саъдӣ баргузор шуд.

Муовини байналмилалии Бунёди Саъдӣ дар ибтидои ин ҷаласа бо ишора ба ин ки "мо дар Бунёди Саъдӣ ба дунболи як санади зоҳирӣ нестем", гуфт: "Барои танзими санади роҳбурдии забони форсӣ фурсатҳо, таҳдидҳо, нуқоти заъфу нуқоти қавии пешорӯйи забони форсӣ дар манотиқи мухталифи дунёро бо истифода аз таҷриба ва фикри сафирон, ройзанон, устодони фиристодашуда ва коршиносони кишварҳои мавриди назар дар ҷаласаҳои бешумор баррасӣ карда, то ба санад ниҳоӣ расидаем".

Ӯ бо баёни ин ки Узбакистон ба далели вуҷуди бахши форсии забон дар ин кишвар илова бар Шӯрои роҳбурдии Осиёи Марказӣ дар Шӯрои роҳбурдии кишварҳои форсизабон низ баррасӣ мешавад, идома дод: "Санади роҳбурдии забони форсии ҳавзаи кишварҳои форсизабон низ ҳамчун 12 ҳавзаи мушаххасшудаи дигар дар Бунёди Саъдӣ бо ду роҳбурд, минтақаӣ ва кишварӣ ва бар асоси абъодшинохтӣ, отифӣ ва нигаришӣ-арзишӣ танзим шудааст".

Муовини байналамилалии Бунёди Саъдӣ идома дод, "санадҳои роҳбурдии забони форсӣ дар Бунёди Саъдӣ пас аз ниҳоӣ шудан мабнои барномарезӣ ва тасмимгирӣ дар ҳавзаи минтақаии худ қарор хоҳанд гирифт ва ройзанони фарҳанги мо ба истиноди санадҳои роҳбурдӣ барномаҳои забони форсии худро танзиму иҷро мекунанд".