Рутбаи нахусти Эрон дар илми нано дар байни кишварҳои исломӣ
(last modified Sun, 23 Dec 2018 12:38:47 GMT )
Декабр 23, 2018 17:38 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи нахусти Эрон дар илми нано дар байни кишварҳои исломӣ

Эрон, Туркия ва Малайзия дар ҳавзаи тавлиди илми нано дар байни кишварҳои исломӣ рутбаҳои аввал то севумро ба худ ихтисос додаанд.

Ҷаъфар Меҳрод, бунёнгузори пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом гуфт: Теъдоди донишгоҳҳои фаъол дар пажуҳишҳои нано дар байни ин се кишвари Эрон, Туркия ва Малайзия ба тартиб 46, 11 ва 10 донишгоҳ аст.

Миср, Арабистони Саудӣ, Тунис, Покистон ва Қатар низ ҳар кадом бо 9, 6, 4, 3 ва як донишгоҳи фаъол дар риштаи нано дар нашри мақолоти пажуҳишӣ перомуни ин фанноварӣ рутбаҳои баъдиро дар ихтиёр доранд.  

Вай бо ишора ба фаъолияти 20 донишгоҳи пешрави кишварҳои исломӣ дар риштаи фанноварии нано гуфт: Дар раъси ин 20 донишгоҳ, Донишгоҳи озоди исломии Эрон қарор дорад, ки 7741 мақоларо дар заминаи нано тавлид ва мунташир кардааст.

Рутбаи дувум аз они донишгоҳи Малик Абдулазиз дар Арабистони Саудӣ аст ва ҷойгоҳи севум дар ин рутбабандӣ марбут ба Донишгоҳи Теҳрон аст.