Нишонаҳои шикасти Амрико дар Сурия аз нигоҳи хатиби ҷумъаи Теҳрон
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таҳаввулоти сиёсии ахир дар Сурия ва Амрикоро нишондиҳандаи шикасти сиёсатҳои Амрико дар Сурия донист.
Оятуллоҳ Сайид Аҳмад Хотамӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз Сурия гуфт: Ақибнишинии Амрико аз Сурия, истеъфои вазири дифои Амрико ва бозгушоии сафоратхонаҳои баъзе кишварҳои минтақа дар Сурия, нишондиҳандаи шикасти сиёсатҳои Амрико дар минтақа аст.
Оятуллоҳ Хотамӣ сафари пинҳонии Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ба Ироқро авҷи нотавонӣ ва хории Амрико унвон кард ва афзуд: Таҳаввулоти ахири минтақа нишон медиҳад, ки муқовимат беҳтарин роҳи муқобила бо мустакбирон аст.
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин дар бораи таҳаввулоти Яман гуфт: Мардуми Яман дар авҷи мазлумият қарор доранд ва озодихоҳони ҷаҳон набояд дар баробари ҷиноятҳои мутаҷовизон ба Яман сукут кунанд.
Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин дар остонаи солрӯзи роҳпаймоии бузурги мардуми Эрон дар рӯзи нуҳуми даймоҳ 1388 (30 декабри 2009) гуфт: Мардуми бобасират худ, тавтиаҳои Амрико, режими саҳюнистӣ ва гурӯҳҳои зиддиинқилобро беасар карданд ва посухи маҳкаме ба онон доданд.
Нуҳуми дайи соли 1388 (30 декабр 2009) ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи мухолифат бо сохторшиканони ҷомеа буд, ки пас аз даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон ва ба баҳонаи эътироз ба натиҷаи интихобот, ба ошубҳои хиёбонӣ ва ворид кардани хисорат ба амволи умумӣ ва хусусӣ даст зада буданд.
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон ҳамчунин бо табрики милоди ҳазрати Масеҳ (а) ва оғози соли нави мелодӣ аз масеҳиёни ҷаҳон хост, мухолифати худро бо ситамгароне, ки худро пайрави дини Масеҳ нишон медиҳанд, эълом кунанд, то сулҳ ва дӯстӣ дар ҷаҳон барқарор шавад.