Декабр 30, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти ғайринафтии Эрон

Гумруки ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард: Дар 9 моҳи гузаштаи соли 1397 шамсӣ, содироти ғайринафтии Эрон аз 33 миллиард доллар гузашт.

Дар ин муддат 87 миллион тонна колои ғайринафтӣ ба арзиши 33 миллиарду 358 миллион доллар содир шуд, ки аз назари арзиш дар муқоиса бо муддати мушобеҳи порсол, 5,4 дарсад афзоиш доштааст.

Дар ҳамин муддат 24 миллион тонна коло ба арзиши 32 миллиарду 620 миллион доллар коло вориди Эрон шудааст, ки аз назари арзиш 16 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин мозоди тарози тиҷорати хориҷии Эрон дар 9 моҳаи гузашта ба 738 миллион доллар расид.

 

Барчасп